ملة الإسلام

السورة 87 · 19 آية · Khoja Mirov

سورة الأعلى باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة الأعلى (1,435 قارئاً)
مكيةسورة الأعلى١٩ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

سَبِّحِ ٱسۡمَ رَبِّكَ ٱلۡأَعۡلَى ١Номи Парвардигори бузурги худро ба покӣ ёд кун, чунон ки лоиқи бузургии Ӯст ٱلَّذِي خَلَقَ فَسَوَّىٰ ٢он Зоте, ки офарид махлуқотро ва устувор дошт وَٱلَّذِي قَدَّرَ فَهَدَىٰ ٣Ва он Зоте, ки андоза муъайян кард. Сипас ҳама халқро ба он чӣ муносиб мешаванд, роҳ намуд وَٱلَّذِيٓ أَخۡرَجَ ٱلۡمَرۡعَىٰ ٤Ва он Зоте, ки чарогоҳҳоро рӯёнид فَجَعَلَهُۥ غُثَآءً أَحۡوَىٰ ٥сипас хушку сиёҳ гардонид سَنُقۡرِئُكَ فَلَا تَنسَىٰٓ ٦Мо Қуръонро барои ту эй Расул хоҳем хонд ва ту дигар онро фаромӯш нахоҳӣ кард إِلَّا مَا شَآءَ ٱللَّهُۚ إِنَّهُۥ يَعۡلَمُ ٱلۡجَهۡرَ وَمَا يَخۡفَىٰ ٧ғайри он чи Аллоҳ бихоҳад, ҳамоно Ӯ ошкору пинҳонро медонад وَنُيَسِّرُكَ لِلۡيُسۡرَىٰ ٨Ва дар кори ту ва дар ҳамаи умури динӣ ва дунявие, ки ба ту рӯ менамояд, осонӣ падид меоварем فَذَكِّرۡ إِن نَّفَعَتِ ٱلذِّكۡرَىٰ ٩Эй Расул, агар ба қавмат панд доданат фоида кунад, панд деҳ. Худро азоб мадеҳ дар панд додани шахсе, ки саркашӣ мекунад سَيَذَّكَّرُ مَن يَخۡشَىٰ ١٠Ҳар касе, ки аз Аллоҳ метарсад, ба зудӣ панд хоҳад пазируфт وَيَتَجَنَّبُهَا ٱلۡأَشۡقَى ١١Ва бадбахттарин фард аз он панд дурӣ хоҳад гузид ٱلَّذِي يَصۡلَى ٱلنَّارَ ٱلۡكُبۡرَىٰ ١٢Ҳамон кас, ки дар оташи бузурги ҷаҳаннам дарафтад ثُمَّ لَا يَمُوتُ فِيهَا وَلَا يَحۡيَىٰ ١٣Онгоҳ дар он ҷо на бимирад, ки роҳат ёбад ва на зинда мешавад, ки фоида бинад قَدۡ أَفۡلَحَ مَن تَزَكَّىٰ ١٤Ба дурустӣ, касе ки худро покиза дошт, наҷот ёфт وَذَكَرَ ٱسۡمَ رَبِّهِۦ فَصَلَّىٰ ١٥Ва растагор шуд, ҳар кӣ номи Парвардигори худро бар забон овард ва барои ризогии Ӯ намоз гузорид بَلۡ تُؤۡثِرُونَ ٱلۡحَيَوٰةَ ٱلدُّنۡيَا ١٦Балки, шумо эй мардум, зиндагии ин ҷаҳонро аз неъматҳои охират афзал мешуморед وَٱلۡأٓخِرَةُ خَيۡرٌ وَأَبۡقَىٰٓ ١٧Ҳол он ки охират беҳтару пояндатар аст إِنَّ هَٰذَا لَفِي ٱلصُّحُفِ ٱلۡأُولَىٰ ١٨Бегумон, ин суханҳо дар китобҳои пешина низ ҳаст صُحُفِ إِبۡرَٰهِيمَ وَمُوسَىٰ ١٩китобҳои Иброҳим ва Мӯсо алайҳимассалом

الترجمة: Khoja Mirov.