بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
هَلۡ أَتَىٰكَ حَدِيثُ ٱلۡغَٰشِيَةِ ١Эй Расул, оё хабари қиёмат, ки бо сахтиҳояш одамонро фаро мегирад ба ту расидааст وُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ خَٰشِعَةٌ ٢Чеҳраҳои кофирон дар он рӯз ба азоб хор хоҳанд буд عَامِلَةٌ نَّاصِبَةٌ ٣талошкардаву ранҷдида تَصۡلَىٰ نَارًا حَامِيَةً ٤оташи сӯзон ба он мерасад تُسۡقَىٰ مِنۡ عَيۡنٍ ءَانِيَةٍ ٥аз чашмаи бисёр гарм нӯшонда мешаванд لَّيۡسَ لَهُمۡ طَعَامٌ إِلَّا مِن ضَرِيعٍ ٦онон хӯрокеро ҷуз хори талх надоранд لَّا يُسۡمِنُ وَلَا يُغۡنِي مِن جُوعٍ ٧ки на фарбеҳ мекунад ва на гуруснагиро аз байн мебарад وُجُوهٌ يَوۡمَئِذٍ نَّاعِمَةٌ ٨Чеҳраҳои мӯъминон дар он рӯз хуррам ва тоза хоҳанд буд لِّسَعۡيِهَا رَاضِيَةٌ ٩Ва аз кӯшиши худ ва амале, ки дар дунё кардаанд, дар охират розӣ хоҳанд буд فِي جَنَّةٍ عَالِيَةٍ ١٠дар биҳиште олимақом لَّا تَسۡمَعُ فِيهَا لَٰغِيَةً ١١ки дар он ҷо ҳеҷ сухани беҳуда нашунавӣ فِيهَا عَيۡنٌ جَارِيَةٌ ١٢ва дар он чашмасорҳо равон бошанд فِيهَا سُرُرٌ مَّرۡفُوعَةٌ ١٣ва дар он ҷо тахтҳои баланд ва олӣ аст وَأَكۡوَابٌ مَّوۡضُوعَةٌ ١٤ва кӯзаҳое ниҳода барои нӯшандагон وَنَمَارِقُ مَصۡفُوفَةٌ ١٥ва болиштҳое дар канори ҳам чида وَزَرَابِيُّ مَبۡثُوثَةٌ ١٦ва фаршҳои нафиси паҳнкарда أَفَلَا يَنظُرُونَ إِلَى ٱلۡإِبِلِ كَيۡفَ خُلِقَتۡ ١٧Оё кофирон ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шудааст وَإِلَى ٱلسَّمَآءِ كَيۡفَ رُفِعَتۡ ١٨Ва ба осмон, нигоҳ намекунанд, ки чӣ гуна бардошта шудааст وَإِلَى ٱلۡجِبَالِ كَيۡفَ نُصِبَتۡ ١٩Ва ба кӯҳҳо, наменигаранд, ки чӣ гуна барқарор гардидаанд وَإِلَى ٱلۡأَرۡضِ كَيۡفَ سُطِحَتۡ ٢٠Ва ба замин, наменигаранд, ки чӣ гуна густурда шудааст فَذَكِّرۡ إِنَّمَآ أَنتَ مُذَكِّرٌ ٢١Пас панд деҳ эй Расул, ки ту панддиҳандае ҳастӣ. Ва ғамгин мабош аз он касоне, ки ҳақро қабул надоранд لَّسۡتَ عَلَيۡهِم بِمُصَيۡطِرٍ ٢٢Ту бар онон фармонраво нестӣ, то ононро ба имон овардан маҷбур кунӣ إِلَّا مَن تَوَلَّىٰ وَكَفَرَ ٢٣Магар, он кас кӣ рӯй гардонд аз панду насиҳат ва кофир шуд ва бар куфраш давомат кард فَيُعَذِّبُهُ ٱللَّهُ ٱلۡعَذَابَ ٱلۡأَكۡبَرَ ٢٤Аллоҳ бо бузургтарин азоб ӯро азоб мекунад إِنَّ إِلَيۡنَآ إِيَابَهُمۡ ٢٥Албатта бозгашташон баъди марг ба сӯи Мост ثُمَّ إِنَّ عَلَيۡنَا حِسَابَهُم ٢٦Онгоҳ ҳисоби онон бар ӯҳдаи Мо аст