بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
لَآ أُقۡسِمُ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ ١(Аллоҳ савганд ёд мекунад:) Савганд ба ин шаҳр (ва он Макка аст) وَأَنتَ حِلُّۢ بِهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ ٢Ва шаҳре, ки ту сокини он ҳастӣ وَوَالِدٍ وَمَا وَلَدَ ٣Ва савганд ба падар ва фарзанде, ки ба вуҷуд овард, (яъне, ба падари башарият, Одам алайҳиссалом ва фарзандони ӯ) لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ فِي كَبَدٍ ٤Ҳамоно, ки одамиро дар ранҷу меҳнат биёфаридаем أَيَحۡسَبُ أَن لَّن يَقۡدِرَ عَلَيۡهِ أَحَدٌ ٥Оё мепиндорад, бо он чӣ аз мол ҷамъ намуд, ки касе бар ӯ тавоно нагардад يَقُولُ أَهۡلَكۡتُ مَالًا لُّبَدًا ٦Фахр карда мегӯяд: «Моли фаровонеро харҷ кардам!» أَيَحۡسَبُ أَن لَّمۡ يَرَهُۥٓ أَحَدٌ ٧Оё мепиндорад, ки касе ӯро надидааст أَلَمۡ نَجۡعَل لَّهُۥ عَيۡنَيۡنِ ٨Оё барои ӯ ду чашм наёфаридаем وَلِسَانًا وَشَفَتَيۡنِ ٩Ва забону ду лабро наёфаридаем وَهَدَيۡنَٰهُ ٱلنَّجۡدَيۡنِ ١٠Ва оё барои вай роҳи неку бадро баён накардаем فَلَا ٱقۡتَحَمَ ٱلۡعَقَبَةَ ١١Пас ин шахси худсито ҳоло ба гузаргоҳи душвор дарнаёмадааст وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا ٱلۡعَقَبَةُ ١٢Ва ту чӣ донӣ, ки гузаргоҳи сахт чист ва ба гузаштани он чӣ мадад мерасонад فَكُّ رَقَبَةٍ ١٣Озод кардани ғуломи мӯъмин аст أَوۡ إِطۡعَٰمٌ فِي يَوۡمٍ ذِي مَسۡغَبَةٍ ١٤ё таъом додан дар рӯзи гуруснагӣ يَتِيمًا ذَا مَقۡرَبَةٍ ١٥ба ятиме, ки хешованд бошад, ки ҳам садақа мешавад ва силаи раҳм ба ҷо меояд أَوۡ مِسۡكِينًا ذَا مَتۡرَبَةٍ ١٦ё ба мискини хокнишине, (яъне, бенавое, ки ҳеҷ чиз надорад) ثُمَّ كَانَ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلصَّبۡرِ وَتَوَاصَوۡاْ بِٱلۡمَرۡحَمَةِ ١٧Баъд, аз он бошад, аз гурӯҳи онҳое, ки имон овардаанд ба Аллоҳу Паёмбар ва васият карданд якдигарро ба сабр намудан бар тоъати Аллоҳ ва сабр аз нофармониҳои Ӯ ва тавсия намуданд якдигарро ба шафқату меҳрубонӣ ба бандагони Аллоҳ أُوْلَٰٓئِكَ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَيۡمَنَةِ ١٨Онон, ки чунин афъолро иҷро намуданд, инҳо аҳли саъодатанд وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِـَٔايَٰتِنَا هُمۡ أَصۡحَٰبُ ٱلۡمَشۡـَٔمَةِ ١٩Ва касоне, ки ба оёти Мо кофир шуданд, инҳо бадбахтонанд عَلَيۡهِمۡ نَارٌ مُّؤۡصَدَةُۢ ٢٠Насиби онҳост оташе, ки аз ҳар сӯ сараш пӯшидааст