بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلشَّمۡسِ وَضُحَىٰهَا ١Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба офтоб ва равшаниаш ба ҳангоми чошт وَٱلۡقَمَرِ إِذَا تَلَىٰهَا ٢ва савганд, ба моҳ чун аз паи он барояд وَٱلنَّهَارِ إِذَا جَلَّىٰهَا ٣ва савганд, ба рӯз, чун дунёро равшан кунад وَٱلَّيۡلِ إِذَا يَغۡشَىٰهَا ٤ва савганд, ба шаб, чун рӯзро бипӯшад وَٱلسَّمَآءِ وَمَا بَنَىٰهَا ٥ва савганд, ба осмон ва ба он ки онро бино кард وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا طَحَىٰهَا ٦ва савганд, ба замин ва ба он ки онро паҳн кард وَنَفۡسٍ وَمَا سَوَّىٰهَا ٧ва савганд, ба нафси одамӣ ва ба он ки некӯяш биёфарид فَأَلۡهَمَهَا فُجُورَهَا وَتَقۡوَىٰهَا ٨сипас шинохти бадиҳову парҳезгориҳояшро ба ӯ илҳом кард قَدۡ أَفۡلَحَ مَن زَكَّىٰهَا ٩Ҳамоно касе, ки нафсашро пок дошт, наҷот ёфт وَقَدۡ خَابَ مَن دَسَّىٰهَا ١٠Ҳамоно касе, ки нафсашро палид сохт ва онро дар маъсият одат дод, ҳалок шуд كَذَّبَتۡ ثَمُودُ بِطَغۡوَىٰهَآ ١١Қавми Самуд паёмбарашонро аз рӯи саркашии худ, дурӯғ бароварданд إِذِ ٱنۢبَعَثَ أَشۡقَىٰهَا ١٢Он гоҳ, ки бадбахттаринашон бархост ва рафт аз барои куштани шутур فَقَالَ لَهُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ نَاقَةَ ٱللَّهِ وَسُقۡيَٰهَا ١٣Паёмбари Аллоҳ Солеҳ алайҳиссалом ба онҳо гуфт, ки ба шутур коре надошта бошед, ҳамоно ин муъҷизаи Аллоҳ аст ва ӯро аз навбати обаш боз надоред فَكَذَّبُوهُ فَعَقَرُوهَا فَدَمۡدَمَ عَلَيۡهِمۡ رَبُّهُم بِذَنۢبِهِمۡ فَسَوَّىٰهَا ١٤Ӯро дурӯғ бароварданд ва шутурро куштанд. Пас Парвардигорашон ба сабаби гуноҳашон бар сарашон азоб овард ва бо хок баробар сохт وَلَا يَخَافُ عُقۡبَٰهَا ١٥Ва Ӯ таъоло баъд аз фуруд овардани азоб аз оқибати кори онҳо наметарсад