بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
سَأَلَ سَآئِلُۢ بِعَذَابٍ وَاقِعٍ ١Пурсандае аз мушрикон барои худ ва қавмаш азобе пурсид, ки لِّلۡكَٰفِرِينَ لَيۡسَ لَهُۥ دَافِعٌ ٢бар кофирон рӯзи қиёмат фурӯд хоҳад омад, ки касе онро дафъ натавонад кард مِّنَ ٱللَّهِ ذِي ٱلۡمَعَارِجِ ٣Аз ҷониби Аллоҳе, ки соҳиби мартабаҳои бузургу олист تَعۡرُجُ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةُ وَٱلرُّوحُ إِلَيۡهِ فِي يَوۡمٍ كَانَ مِقۡدَارُهُۥ خَمۡسِينَ أَلۡفَ سَنَةٍ ٤Дар рӯзе, ки миқдораш бо рӯзҳои дунё панҷоҳ ҳазор сол аст, фариштагон ва рӯҳ (Ҷабраил алайҳиссалом) ба сӯи Ӯ боло раванд فَٱصۡبِرۡ صَبۡرًا جَمِيلًا ٥Пас, сабр кун эй Паёмбар дар баробари озору азияти онҳо, сабре, ки дар он нолиш ва шикоят нест, ба ғайри Аллоҳ إِنَّهُمۡ يَرَوۡنَهُۥ بَعِيدًا ٦Албатта кофирон он рӯзи азобро дур ва воқеънопазир мебинанд وَنَرَىٰهُ قَرِيبًا ٧Ба Мо онро воқеъшаванда ва наздикаш мебинем يَوۡمَ تَكُونُ ٱلسَّمَآءُ كَٱلۡمُهۡلِ ٨Рузе, ки осмон чун миси гудохта гардад وَتَكُونُ ٱلۡجِبَالُ كَٱلۡعِهۡنِ ٩Ва кӯҳҳо чун пашми рангине гарданд, ки бод онҳоро парешон кардааст وَلَا يَسۡـَٔلُ حَمِيمٌ حَمِيمًا ١٠Ва ҳеҷ хешованде аз ҳоли хешованди худ напурсад يُبَصَّرُونَهُمۡۚ يَوَدُّ ٱلۡمُجۡرِمُ لَوۡ يَفۡتَدِي مِنۡ عَذَابِ يَوۡمِئِذِۭ بِبَنِيهِ ١١Якдигарро мебинанд ва мешиносанд, наметавонад касе ба дигаре фоидае расонад. Аз азоби он рӯз кофир орзу мекунад, ки барои наҷоти худ фарзандони худро ба иваз диҳад وَصَٰحِبَتِهِۦ وَأَخِيهِ ١٢ва низ зану бародарашро وَفَصِيلَتِهِ ٱلَّتِي تُـٔۡوِيهِ ١٣ва низ хешонашро, ки ӯро ҷой додаанд وَمَن فِي ٱلۡأَرۡضِ جَمِيعًا ثُمَّ يُنجِيهِ ١٤ва низ ҳамаи онҳоеро, ки дар рӯи заминанд аз одамон ва ғайрашон, сипас худро аз азоби Аллоҳ наҷот диҳад كـَلَّآۖ إِنَّهَا لَظَىٰ ١٥Ҳаргиз на, эй кофир! Ҳеҷ гуна иваз туро аз азоб наҷот намедиҳад. Ҳамоно дӯзах оташест шӯълазананда نَزَّاعَةً لِّلشَّوَىٰ ١٦Аз сахтии гармиаш пӯсти сар ва соири атрофи баданро меканад تَدۡعُواْ مَنۡ أَدۡبَرَ وَتَوَلَّىٰ ١٧Мехонад ба худ ин оташи сӯзон ҳар киро, ки дар дунё аз ҳақ рӯй гардонида, тарки итоъати Аллоҳ ва расулаш карда буд وَجَمَعَ فَأَوۡعَىٰٓ ١٨Ва ҷамъ кард пулу молро, пас захира кард ва адо накард ҳаққи Аллоҳро дар молаш ۞ إِنَّ ٱلۡإِنسَٰنَ خُلِقَ هَلُوعًا ١٩Албатта, одамӣ ҳарису бесабр офарида шудааст إِذَا مَسَّهُ ٱلشَّرُّ جَزُوعًا ٢٠Чун бадӣ ва вазниние ба ӯ расад, беқарорӣ кунад وَإِذَا مَسَّهُ ٱلۡخَيۡرُ مَنُوعًا ٢١Ва чун хубӣ ва осонӣ ба дасташ афтад, бахилӣ мекунад إِلَّا ٱلۡمُصَلِّينَ ٢٢магар намозгузороне ٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ دَآئِمُونَ ٢٣ки намозашонро дар ҳама ҳолат мехонанд ва ягон чизе онҳоро аз намоз машғул намесозад وَٱلَّذِينَ فِيٓ أَمۡوَٰلِهِمۡ حَقٌّ مَّعۡلُومٌ ٢٤Ва онон, ки дар амволашон ҳаққест муъайян (яъне, закот) لِّلسَّآئِلِ وَٱلۡمَحۡرُومِ ٢٥барои пурсандаву (гадоён) ва он, ки аз қаноъатмандӣ намепурсад وَٱلَّذِينَ يُصَدِّقُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ ٢٦Ва касоне, ки рӯзи қиёматро тасдиқ мекунанд, пас ба амалҳои солеҳ барои он рӯз тайёрӣ мебинанд وَٱلَّذِينَ هُم مِّنۡ عَذَابِ رَبِّهِم مُّشۡفِقُونَ ٢٧Ва касоне, ки аз азоби Парвардигорашон тарсонанд إِنَّ عَذَابَ رَبِّهِمۡ غَيۡرُ مَأۡمُونٍ ٢٨ки ҳароина аз азоби Парвардигорашон дар амон натавонанд буд وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِفُرُوجِهِمۡ حَٰفِظُونَ ٢٩Ва касоне, ки шармгоҳи худро аз тамоми он чизҳое, ки ҳаром аст, нигаҳ медоранд إِلَّا عَلَىٰٓ أَزۡوَٰجِهِمۡ أَوۡ مَا مَلَكَتۡ أَيۡمَٰنُهُمۡ فَإِنَّهُمۡ غَيۡرُ مَلُومِينَ ٣٠магар барои ҳамсаронашон ё канизонашон, ки дар ин ҳол, албатта, маломате бар онҳо нест فَمَنِ ٱبۡتَغَىٰ وَرَآءَ ذَٰلِكَ فَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡعَادُونَ ٣١Пас касе, ки барои қазои шаҳвати худ аз ғайри ҳамсарону канизони худ талаб кунад, пас онҳо, аз ҳад хузаштагонанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ لِأَمَٰنَٰتِهِمۡ وَعَهۡدِهِمۡ رَٰعُونَ ٣٢Ва касоне, ки амонатҳои Аллоҳ ва бандагон ва аҳдҳои ба Аллоҳ ва бандагонро риъоя мекунанд وَٱلَّذِينَ هُم بِشَهَٰدَٰتِهِمۡ قَآئِمُونَ ٣٣Ва касоне, ки шаҳодати худро ба ҳақ бетағйир ва пӯшиш адо мекунанд وَٱلَّذِينَ هُمۡ عَلَىٰ صَلَاتِهِمۡ يُحَافِظُونَ ٣٤Ва касоне, ки намозҳояшонро дар вақташ мехонанд ва ягон воҷиберо аз он тарк намекунанд أُوْلَٰٓئِكَ فِي جَنَّٰتٍ مُّكۡرَمُونَ ٣٥Инҳое, ки чунин сифатҳои бузуртеро доранд, ҷой дода шудаанд дар биҳиштҳои гиромӣ мукарраму муъаззаз فَمَالِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ قِبَلَكَ مُهۡطِعِينَ ٣٦Пас, чист, ки кофирон ба сӯи ту эй Паёмбар мешитобанд عَنِ ٱلۡيَمِينِ وَعَنِ ٱلشِّمَالِ عِزِينَ ٣٧Даста - даста аз ҷониби чапу рости ту ҷамъ шудаанд, сухан мегӯянду тааҷҷуб мекунанд أَيَطۡمَعُ كُلُّ ٱمۡرِيٍٕ مِّنۡهُمۡ أَن يُدۡخَلَ جَنَّةَ نَعِيمٍ ٣٨Оё ҳар яке аз он кофирон тамаъ мекунад, ки Аллоҳ таъоло ба биҳишти пурнеъмат дохилаш мекунад كـَلَّآۖ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّمَّا يَعۡلَمُونَ ٣٩Ҳаргиз на, ҳеҷ яке аз онҳо ба ҷаннат дохил намешавад. Албатта Мо офаридем онҳоро аз оби манӣ, ки худ медонанд, пас имон наоварданд. Пас чи гуна мушарраф мешаванд ба даромадани ҷаннат فَلَآ أُقۡسِمُ بِرَبِّ ٱلۡمَشَٰرِقِ وَٱلۡمَغَٰرِبِ إِنَّا لَقَٰدِرُونَ ٤٠Пас, савганд ба Парвардигори машриқи офтобу ситорагон ва мағрибҳояшон, ки Мо, ҳароина тавоноем عَلَىٰٓ أَن نُّبَدِّلَ خَيۡرًا مِّنۡهُمۡ وَمَا نَحۡنُ بِمَسۡبُوقِينَ ٤١ки ба ҷои онҳо мардуми беҳтар ва мутеътар ба Аллоҳро биёварем ва дар ин кор нотавон нестем ва ҳеҷ кас аз Мо пешдастӣ накунад ва Моро бознадорад, ҳар вақте ки хоҳем иъода кардани онҳоро فَذَرۡهُمۡ يَخُوضُواْ وَيَلۡعَبُواْ حَتَّىٰ يُلَٰقُواْ يَوۡمَهُمُ ٱلَّذِي يُوعَدُونَ ٤٢Пас, бигузорашон (мушриконро), то ба беҳудагӣ машғул шаванду ва дар дунёяшон бозӣ кунанд, то ба рӯзи қиёмат бирасанд, ки ваъдаашон додаем ба азоб يَوۡمَ يَخۡرُجُونَ مِنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ سِرَاعًا كَأَنَّهُمۡ إِلَىٰ نُصُبٍ يُوفِضُونَ ٤٣Рӯзе, ки шитобон аз қабрҳо бароянд, чунонки дар дунё назди бутонашон, ки ба ғайри Алдоҳ онҳоро ибодат мекарданд, мешитобанд خَٰشِعَةً أَبۡصَٰرُهُمۡ تَرۡهَقُهُمۡ ذِلَّةٌۚ ذَٰلِكَ ٱلۡيَوۡمُ ٱلَّذِي كَانُواْ يُوعَدُونَ ٤٤Ваҳшат бар чашмонашон ғолиб шуда аз ҳавлу ҳарос ва ба хорӣ афтодаанд. Ин аст ҳамон рӯзе, ки онҳоро ваъда дода мешуд дар ҳаёти дунё, ки омадани қиёмат ҳақ ва рост аст ва онҳо истеҳзо мекарданду дӯруғ мебароварданд