بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلصَّٰٓفَّٰتِ صَفًّا ١Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба он фармштагоне, ки барои ибодаташ саф бастаанд فَٱلزَّٰجِرَٰتِ زَجۡرًا ٢пас савганд ба он фариштагон, ки абрҳоро ба амри Аллоҳ сахт меронанд فَٱلتَّٰلِيَٰتِ ذِكۡرًا ٣Ва савганд ба он фариштагоне, ки зикри Аллоҳро мехонанд إِنَّ إِلَٰهَكُمۡ لَوَٰحِدٌ ٤Ҳароина, эй одамон, маъбуди шумо, Аллоҳи яктост, ки шарик надорад. Пас, Ӯро ибодат ва итоат кунед رَّبُّ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضِ وَمَا بَيۡنَهُمَا وَرَبُّ ٱلۡمَشَٰرِقِ ٥Парвардигори осмонҳову замин аст ва ҳар чӣ дар миёни онҳост. Ва Парвардигори машриқҳост إِنَّا زَيَّنَّا ٱلسَّمَآءَ ٱلدُّنۡيَا بِزِينَةٍ ٱلۡكَوَاكِبِ ٦Ҳароина, Мо осмони дунёро оростаем ба зиннати ситорагон وَحِفۡظًا مِّن كُلِّ شَيۡطَٰنٍ مَّارِدٍ ٧Ва осмонро ба ситорагон аз ҳар шайтони саркаш нигаҳ доштем لَّا يَسَّمَّعُونَ إِلَى ٱلۡمَلَإِ ٱلۡأَعۡلَىٰ وَيُقۡذَفُونَ مِن كُلِّ جَانِبٍ ٨То натавонанд шайтонҳо, ки бирасанд ба "Малау-л-аъло" (яъне, ба осмонҳо ва ба фариштагоне, ки дар он ҷо мебошанд, то бишнаванд суханеро, ки Аллоҳ ба онҳо ваҳй мекунад). Ва аз ҳар сӯй андохта шаванд бо ситорае (шӯълае) دُحُورًاۖ وَلَهُمۡ عَذَابٌ وَاصِبٌ ٩То шайтонҳо ронда шаванд аз осмон ва барои онҳост дар охират азоби доими аламовар إِلَّا مَنۡ خَطِفَ ٱلۡخَطۡفَةَ فَأَتۡبَعَهُۥ شِهَابٌ ثَاقِبٌ ١٠Магар он шайтон, ки ногаҳон пораи хабареро бирабояд ва он сухане мебошад, ки мешунавад ӯро аз осмон, пас онро ба шайтони поёнӣ медиҳад ва он ба дигаре, ки аз ӯ поёнтар аст, медиҳад ва мумкин аст, ки шӯълае ӯро дарк кунад ва сӯзонад ва мумкин аст, ки ба қазову қадари Аллоҳ шӯъла онро дарк накунаду насӯзонад, пас он каломро шайтоне ба коҳине мерасонад ва дар он сад дурӯғи дигар изофа мекунад فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَهُمۡ أَشَدُّ خَلۡقًا أَم مَّنۡ خَلَقۡنَآۚ إِنَّا خَلَقۡنَٰهُم مِّن طِينٍ لَّازِبِۭ ١١Пас, эй Паёмбар аз кофироне, ки аз нав зинда шуданро инкор мекунанд бипурс, ки офариниши онҳо душвортар аст ё он чи Мо офаридаем. Ҳароина, Мо падарашон Одамро аз гили часпанда офаридаем بَلۡ عَجِبۡتَ وَيَسۡخَرُونَ ١٢Балки ту эй Паёмбар, тааҷҷуб мекунӣ аз дӯруғ бароварданашон ва мункир шуданашон баъсро ва аҷибтар ин аст, ки онҳо туро истеҳзо ва суханҳоятро масхара мекунанд وَإِذَا ذُكِّرُواْ لَا يَذۡكُرُونَ ١٣Ба чун онҳоро хотиррасон карда панд дода шавад он чизеро, ки фаромӯш кардаанд ё ғофил мондаанд, пандро намепазиранд وَإِذَا رَأَوۡاْ ءَايَةً يَسۡتَسۡخِرُونَ ١٤Ва чун мӯъчизаеро бубинанд, ки далолат ба паёмбарии ту мекунад, онро ба масхара мегиранд وَقَالُوٓاْ إِنۡ هَٰذَآ إِلَّا سِحۡرٌ مُّبِينٌ ١٥Ва гӯянд: «Ин чизе, ки ту овардаӣ ҷуз ҷодуи ошкоре нест أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَبۡعُوثُونَ ١٦оё вақте ки мо мурдем ва хоку устухони пӯсида шудем, боз аз нав зинда хоҳем шуд أَوَءَابَآؤُنَا ٱلۡأَوَّلُونَ ١٧Оё падарони гузаштаи мо низ зинда хоҳанд шуд قُلۡ نَعَمۡ وَأَنتُمۡ دَٰخِرُونَ ١٨Бигӯ барояшон эй Паёмбар: «Оре, ҳамаи шумо зинда мешавед, дар ҳоле ки хору бечора хоҳед буд!» فَإِنَّمَا هِيَ زَجۡرَةٌ وَٰحِدَةٌ فَإِذَا هُمۡ يَنظُرُونَ ١٩Пас албатта, аз нав зинда шудан ба як садои маргбор аст. Пас онҳо бармехезанд аз қабрҳояшон ва мебинанд аҳволи қиёматро وَقَالُواْ يَٰوَيۡلَنَا هَٰذَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ٢٠Ва мегӯянд: «Ҳалокӣ бар мо, ин ҳамон рӯзи ҳисоб ва ҷазост!» هَٰذَا يَوۡمُ ٱلۡفَصۡلِ ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ ٢١Гуфта шавад ба онҳо: Ин ҳамон рӯзи доварӣ аст, ки дар дунё дурӯғаш мепиндоштед ۞ ٱحۡشُرُواْ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ وَأَزۡوَٰجَهُمۡ وَمَا كَانُواْ يَعۡبُدُونَ ٢٢Гуфта шавад ба фариштагон: Ҷамъ кунед онҳоеро, ки ба Аллоҳ кофир шуданд ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ ва ҳамроҳ бо он чи мепарастиданд مِن دُونِ ٱللَّهِ فَٱهۡدُوهُمۡ إِلَىٰ صِرَٰطِ ٱلۡجَحِيمِ ٢٣ба ҷои Аллоҳи якто, пас биронед онҳоро, рондане дурушт сӯйи ҷаҳаннам وَقِفُوهُمۡۖ إِنَّهُم مَّسۡـُٔولُونَ ٢٤Ва ононро пеш аз расидан сӯи ҷаҳаннам нигаҳ доред, ҳамоно бояд, ки пурсуҷӯ шаванд مَا لَكُمۡ لَا تَنَاصَرُونَ ٢٥Ба онҳо сахт гуфта шавад: «Шуморо чӣ шуд, ки ҳамдигарро ёрӣ намекунед?» بَلۡ هُمُ ٱلۡيَوۡمَ مُسۡتَسۡلِمُونَ ٢٦Балки, имрӯз онҳо ба амри Аллоҳ таслимшавандагонанд ва дар қиёмат барои худ чорае андеша натавонанд وَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ يَتَسَآءَلُونَ ٢٧Ва он гоҳ кофирон рӯй ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар маломаткунон бипурсанд قَالُوٓاْ إِنَّكُمۡ كُنتُمۡ تَأۡتُونَنَا عَنِ ٱلۡيَمِينِ ٢٨Пайравон ба пешвоёни худ гӯянд: «Албатта, шумо будед, ки моро гумроҳ мекардед ва аз ҷониби дину шариат пеши мо меомадед ва амрҳои динро ба мо нодуруст нишон медодед ва моро аз дин мегурезонидед ва ботилро барои мо зиннат медодед قَالُواْ بَل لَّمۡ تَكُونُواْ مُؤۡمِنِينَ ٢٩Пешвоён ба пайравон гӯянд: «На, чунин нест, балки камбудӣ аз худатон буд, дилҳоятон имонро инкор мекард ва куфру исёнро қабул мекард وَمَا كَانَ لَنَا عَلَيۡكُم مِّن سُلۡطَٰنِۭۖ بَلۡ كُنتُمۡ قَوۡمًا طَٰغِينَ ٣٠Моро бар шумо ҳеҷ ғолибияте набуд, ки шуморо аз имон боздорем. Балки шумо эй мушрикон худ мардумоне нофармону таҷовузкор будед فَحَقَّ عَلَيۡنَا قَوۡلُ رَبِّنَآۖ إِنَّا لَذَآئِقُونَ ٣١Пас, гуфтаи Парвардигорамон бар мо воҷиб шуд. Ҳамоно мову шумо бояд бичашем азобро ба сабаби гуноҳое, ки дар дунё кардаем فَأَغۡوَيۡنَٰكُمۡ إِنَّا كُنَّا غَٰوِينَ ٣٢Пас, мо шуморо аз роҳи Аллоҳ ва имони ба Ӯ гумроҳ кардем ҳамоно худ аз ин пеш гумроҳ будем, пас, ҳалокати мо ба сабаби куфрамон буд ва шуморо бо ҳамроҳамон ҳалок кардем فَإِنَّهُمۡ يَوۡمَئِذٍ فِي ٱلۡعَذَابِ مُشۡتَرِكُونَ ٣٣Пас, ҳароина, дар рӯзи қиёмат ҳама дар азоб шариканд. Чунон ки дар дунё дар нофармонии Аллоҳ шарик буданд إِنَّا كَذَٰلِكَ نَفۡعَلُ بِٱلۡمُجۡرِمِينَ ٣٤Мо бо касоне, ки дар дунё тоати Аллоҳро ба ҷой наоварда, гуноҳ карданд, чунин рафтор мекунем إِنَّهُمۡ كَانُوٓاْ إِذَا قِيلَ لَهُمۡ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا ٱللَّهُ يَسۡتَكۡبِرُونَ ٣٥Зеро онҳо буданд, ки чун калимаи «Ла илоҳа иллаллоҳ» ба онҳо гуфта мешуд, такаббур мекарданд وَيَقُولُونَ أَئِنَّا لَتَارِكُوٓاْ ءَالِهَتِنَا لِشَاعِرٍ مَّجۡنُونِۭ ٣٦Ва мегуфтанд: «Оё ба хотири шоири девонае маъбудонамонро тарк кунем?» بَلۡ جَآءَ بِٱلۡحَقِّ وَصَدَّقَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ٣٧Дурӯғ гуфтанд. На, Муҳаммад чунин нест, чунон ки онҳо ӯро сифат карданд, балки ӯ Қуръон ва тавҳидро овард ва паёмбарони пешинро аз он чи аз шариати Аллоҳ хабар дода буданд, тасдиқ намуд إِنَّكُمۡ لَذَآئِقُواْ ٱلۡعَذَابِ ٱلۡأَلِيمِ ٣٨Ҳароина, шумо эй мушрикон ба сабаби куфратон азоби дардоварро, ҳатман, хоҳед чашид وَمَا تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٣٩Ва ҷазо дода намешавед дар охират, магар мувофиқи гуноҳоне, ки дар дунё кардаед إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ٤٠Магар бандагони мухлиси Аллоҳ, ки ибодаташро барояш холис сохтаанд أُوْلَٰٓئِكَ لَهُمۡ رِزۡقٌ مَّعۡلُومٌ ٤١Барои онҳо дар ҷаннат ризқи муайяне аст, ки ҳамеша бардавом аст فَوَٰكِهُ وَهُم مُّكۡرَمُونَ ٤٢Ризқу рӯзиашон аз меваҳои ҳархела ва онҳо гиромӣ шудагонанд فِي جَنَّٰتِ ٱلنَّعِيمِ ٤٣дар биҳиштҳои пур аз нозу неъмат عَلَىٰ سُرُرٍ مُّتَقَٰبِلِينَ ٤٤бар тахтҳое дар рӯ ба рӯи якдигар (нишастаанд) يُطَافُ عَلَيۡهِم بِكَأۡسٍ مِّن مَّعِينِۭ ٤٥Ва барои онон ҷоме аз чашмаи гуворо миёнашон гардонида мешавад بَيۡضَآءَ لَذَّةٍ لِّلشَّٰرِبِينَ ٤٦сафед асту нӯшандагонашро лаззатбахш لَا فِيهَا غَوۡلٌ وَلَا هُمۡ عَنۡهَا يُنزَفُونَ ٤٧на дар он шароб ақл пӯшида шавад ва на онҳо аз он шароб маст шаванд وَعِندَهُمۡ قَٰصِرَٰتُ ٱلطَّرۡفِ عِينٌ ٤٨Ва дар наздашон занони фаррохчашм ҳастанд, ки танҳо ба шавҳарони худ назар доранд ва ғайри онҳоро намехоҳанд كَأَنَّهُنَّ بَيۡضٌ مَّكۡنُونٌ ٤٩Гӯё, ки ҳурони биҳишт, дар сафедӣ монанди тухмҳои пӯшидашудае ҳастанд. (Ин ба хотири зебоӣ ва сафои онҳост ва рангҳояшон зеботарин ва дурахшандатарин рангҳост) فَأَقۡبَلَ بَعۡضُهُمۡ عَلَىٰ بَعۡضٍ يَتَسَآءَلُونَ ٥٠Дар ҷаннат рӯ ба якдигар кунанд ва аз ҳамдигар мепурсанд, ки дар дунё чӣ қадар машаққатҳо кашида буданд ва дар баробари он Аллоҳ ба онҳо ҷаннатро арзонӣ кардааст. Ва ин намоёнгари айшу ишрати комили онҳо дар биҳишт аст قَالَ قَآئِلٌ مِّنۡهُمۡ إِنِّي كَانَ لِي قَرِينٌ ٥١Яке аз ҷаннатиҳо гӯяд: «Маро дар дунё ҳамнишини кофире буд يَقُولُ أَءِنَّكَ لَمِنَ ٱلۡمُصَدِّقِينَ ٥٢ки ба ман мегуфт: «Оё ту аз гурӯҳи онҳое ҳастӣ, ки рӯзи баъсро тасдиқ мекунанд أَءِذَا مِتۡنَا وَكُنَّا تُرَابًا وَعِظَٰمًا أَءِنَّا لَمَدِينُونَ ٥٣Оё он гоҳ ки мурдему хоку устухон шудем, зинда мешавему ҷазоямон медиҳанд?» قَالَ هَلۡ أَنتُم مُّطَّلِعُونَ ٥٤Гӯяд ин мӯьмини ҷаннатӣ ба шариконаш: Оё шумо мебинед бошишгоҳи он ҳамнишини манро فَٱطَّلَعَ فَرَءَاهُ فِي سَوَآءِ ٱلۡجَحِيمِ ٥٥Пас худаш аз боло бингарист ва ӯро дар миёни оташи дӯзах дид قَالَ تَٱللَّهِ إِن كِدتَّ لَتُرۡدِينِ ٥٦Гӯяд мӯъмин ба он мункири баъс: «Ба Аллоҳ савганд, наздик буд, ки маро ба ҳалокат афканӣ وَلَوۡلَا نِعۡمَةُ رَبِّي لَكُنتُ مِنَ ٱلۡمُحۡضَرِينَ ٥٧Ва агар неъмати (роҳнамоии) Парвардигорам намебуд, ман низ ҳамроҳи ту дар азоб мебудам أَفَمَا نَحۡنُ بِمَيِّتِينَ ٥٨Оё мо баъд аз даромаданамон ба ҷаннат дар ҳақиқат ҷовидон мемонем, пас моро марге нест إِلَّا مَوۡتَتَنَا ٱلۡأُولَىٰ وَمَا نَحۡنُ بِمُعَذَّبِينَ ٥٩Ҷуз он марги нахустин дар дунё? Ва баъди даромаданамон ба ҷаннат дигар моро азоб намекунанд إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡفَوۡزُ ٱلۡعَظِيمُ ٦٠Ҳароина, ин аст комёбии бузург لِمِثۡلِ هَٰذَا فَلۡيَعۡمَلِ ٱلۡعَٰمِلُونَ ٦١Барои чунин неъмат ва подоши бузург, бояд амалкунандагон дар дунё амал кунанд, то бирасанд ба он дар охират أَذَٰلِكَ خَيۡرٌ نُّزُلًا أَمۡ شَجَرَةُ ٱلزَّقُّومِ ٦٢Оё барои пазироии ин ҳама неъматҳои биҳишти ҷовидонӣ беҳтар аст, ё дарахти заққум (дарахтест бадбӯ ва талх дар ҷаҳаннам) إِنَّا جَعَلۡنَٰهَا فِتۡنَةً لِّلظَّٰلِمِينَ ٦٣Ҳамоно Мо он дарахтро барои уқубати ситамкорон падид овардаем إِنَّهَا شَجَرَةٌ تَخۡرُجُ فِيٓ أَصۡلِ ٱلۡجَحِيمِ ٦٤Ҳамоно дарахтест, ки аз қаъри ҷаҳаннам мерӯяд طَلۡعُهَا كَأَنَّهُۥ رُءُوسُ ٱلشَّيَٰطِينِ ٦٥мевааш зиштрӯй монанди сари шайётин аст فَإِنَّهُمۡ لَأٓكِلُونَ مِنۡهَا فَمَالِـُٔونَ مِنۡهَا ٱلۡبُطُونَ ٦٦пас дӯзахиён аз он мехӯранд ва шикам пур месозанд ثُمَّ إِنَّ لَهُمۡ عَلَيۡهَا لَشَوۡبًا مِّنۡ حَمِيمٍ ٦٧Баъд аз болои он, ҳаройина, омезае аз оби сӯзон менӯшанд (яъне, баъди хӯрдани меваи Заққум аз болои он маҷбуран оби ифлосу сӯзоне нӯшонида мешаванд) ثُمَّ إِنَّ مَرۡجِعَهُمۡ لَإِلَى ٱلۡجَحِيمِ ٦٨Сипас бозгашташон, албатта ба ҷаҳаннам аст إِنَّهُمۡ أَلۡفَوۡاْ ءَابَآءَهُمۡ ضَآلِّينَ ٦٩Ҳароина, онҳо падарони худро пеш аз худ гумроҳ ва мушрик ёфтанд فَهُمۡ عَلَىٰٓ ءَاثَٰرِهِمۡ يُهۡرَعُونَ ٧٠Пас онҳо ба дунболи падаронашон шитобон ронда мешаванд وَلَقَدۡ ضَلَّ قَبۡلَهُمۡ أَكۡثَرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ٧١Ва ба таҳқиқ, пеш аз қавмат эй Паёмбар, бештари пешиниён гумроҳ буданд وَلَقَدۡ أَرۡسَلۡنَا فِيهِم مُّنذِرِينَ ٧٢Ва ҳамоно Мо расулони бимдиҳандае дар миёнашон фиристодем, пас кофир шуданд فَٱنظُرۡ كَيۡفَ كَانَ عَٰقِبَةُ ٱلۡمُنذَرِينَ ٧٣Пас, бингар (тааммул кун), ки саранҷоми он бимёфтагон чӣ гуна буд? Ҳамоно ҳама кофир шуданд, пас азоб карда шуданд ва барои мардум ибрате шуданд إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ٧٤Ҷуз бандагони мухлиси Аллоҳ, ки онҳоро ба сӯи имон ва тавҳид барои худаш холис гардонидааст! Пас, онҳо наҷот ёфтагонанд وَلَقَدۡ نَادَىٰنَا نُوحٌ فَلَنِعۡمَ ٱلۡمُجِيبُونَ ٧٥Ва ҳамоно паёмбарамон Нӯҳ моро нидо кард, то ӯро пирӯзӣ бар қавмаш диҳем, пас Мо хуб қабулкунандаи дуоем وَنَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥ مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ ٧٦Ӯ ва мӯъминони ҳамроҳашро аз озори мушрикон ва аз ғарқ шудан ва тӯфони бузург наҷот додем وَجَعَلۡنَا ذُرِّيَّتَهُۥ هُمُ ٱلۡبَاقِينَ ٧٧Ва танҳо фарзандони ӯро баъди ғарқшудани қавмаш боқӣ гузоштем وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ٧٨Ва барои ӯ дар миёни наслҳои баъдина номи неке боқӣ гузоштем سَلَٰمٌ عَلَىٰ نُوحٍ فِي ٱلۡعَٰلَمِينَ ٧٩Салом ва эминӣ бар Нӯҳ бод дар миёни ҷаҳониён إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ٨٠Ҳароина, Мо ин гуна некӯкоронро мисли подоши Нӯҳ подош медиҳем إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ٨١Ҳароина, Нӯҳ аз бандагони содиқ ва амалкунанда ба амрҳои Аллоҳ буд ثُمَّ أَغۡرَقۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ٨٢Сипас дигаронро (дурӯғбаровардагонро) бо тӯфон ғарқ сохтем. Ҳеҷ касе аз онҳо боқӣ намонд ۞ وَإِنَّ مِن شِيعَتِهِۦ لَإِبۡرَٰهِيمَ ٨٣Ҳароина, Иброҳим аз пайравон ва миллати Нӯҳ буд إِذۡ جَآءَ رَبَّهُۥ بِقَلۡبٍ سَلِيمٍ ٨٤Он гоҳ ки бо дили холӣ аз эътиқодҳои ботил ва ахлоқи бад рӯй ба сӯи Парвардигораш овард إِذۡ قَالَ لِأَبِيهِ وَقَوۡمِهِۦ مَاذَا تَعۡبُدُونَ ٨٥Чун ба падараш ва қавмаш гуфт: Чиро мепарастед أَئِفۡكًا ءَالِهَةً دُونَ ٱللَّهِ تُرِيدُونَ ٨٦Оё ба ҷои Аллоҳи якто маъбуди дурӯғинро мехоҳед ва парастиши Аллоҳи ягонаро тарк мекунед فَمَا ظَنُّكُم بِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٨٧Пас, ба Парвардигори ҷаҳониён чӣ гумон доред?» فَنَظَرَ نَظۡرَةً فِي ٱلنُّجُومِ ٨٨Пас, Иброҳим нигоҳе ба ситорагон кард, то узре пазирад, ки ҳамроҳи қавмаш ба идгоҳашон наравад فَقَالَ إِنِّي سَقِيمٌ ٨٩Пас, гуфт: «Ҳароина, ман беморам فَتَوَلَّوۡاْ عَنۡهُ مُدۡبِرِينَ ٩٠Пас, аз ӯ рӯй гардониданд ва бозгаштанд فَرَاغَ إِلَىٰٓ ءَالِهَتِهِمۡ فَقَالَ أَلَا تَأۡكُلُونَ ٩١Пас, шитобон ва пинҳон назди бутонашон омад ва (аз тариқи истеҳзо) гуфт: Чизе аз ин таомҳое, ки барои шумо пешкаш кардаанд, намехӯред مَا لَكُمۡ لَا تَنطِقُونَ ٩٢Шуморо чӣ шудааст, ки сухан намегӯед ва ҷавоб намедиҳед فَرَاغَ عَلَيۡهِمۡ ضَرۡبَۢا بِٱلۡيَمِينِ ٩٣Пас, мутаваҷҷеҳ шуд бар бутҳо ва мезад онҳоро бо дасти рост: то исбот кунад хато будани ибодати онҳоро فَأَقۡبَلُوٓاْ إِلَيۡهِ يَزِفُّونَ ٩٤Қавмаш шитобону ғазабнок наздаш омаданд قَالَ أَتَعۡبُدُونَ مَا تَنۡحِتُونَ ٩٥Гуфт (Иброҳим ба қавмаш): «Оё бутҳоеро, ки худ метарошед бо дастонатон, мепарастед ва тарк мекунед ибодати Парвардигоре, ки шуморо халқ кардааст وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ وَمَا تَعۡمَلُونَ ٩٦Ва Аллоҳ офаридааст шуморо ва ҳар чизеро, ки шумо месозед قَالُواْ ٱبۡنُواْ لَهُۥ بُنۡيَٰنًا فَأَلۡقُوهُ فِي ٱلۡجَحِيمِ ٩٧Пас, вақте ки ҳуҷҷат бар зидди онҳо барпо шуд, роҳи зӯриро пеш гирифта гуфтанд: «Барои Иброҳим биное созед ва ӯро дар оташ андозед» فَأَرَادُواْ بِهِۦ كَيۡدًا فَجَعَلۡنَٰهُمُ ٱلۡأَسۡفَلِينَ ٩٨Пас, қавми Иброҳим хостанд, барои ӯ макру ҳилае кунанд. Пас, сохтем мушриконро поёнтару мағлубтар. Ва гардонид Аллоҳ ҳилаашонро бар зидди худашон ва оташро барои Иброҳим сард гардонид وَقَالَ إِنِّي ذَاهِبٌ إِلَىٰ رَبِّي سَيَهۡدِينِ ٩٩Ва гуфт Иброҳим: «Ҳароина, ман ба сӯи Парвардигорам аз сарзамини қавми худ баромада ба ҷое меравам, ки имконият меёбам ибодат кардани Парвардигорамро. Ӯ маро ба сӯи хубиҳои динам ва дунёям роҳнамоӣ хоҳад кард رَبِّ هَبۡ لِي مِنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ١٠٠Эй Парвардигори ман, маро фарзанди солеҳ ато кун!» فَبَشَّرۡنَٰهُ بِغُلَٰمٍ حَلِيمٍ ١٠١Пас, ӯро ба писари бурдбор мужда додем فَلَمَّا بَلَغَ مَعَهُ ٱلسَّعۡيَ قَالَ يَٰبُنَيَّ إِنِّيٓ أَرَىٰ فِي ٱلۡمَنَامِ أَنِّيٓ أَذۡبَحُكَ فَٱنظُرۡ مَاذَا تَرَىٰۚ قَالَ يَٰٓأَبَتِ ٱفۡعَلۡ مَا تُؤۡمَرُۖ سَتَجِدُنِيٓ إِن شَآءَ ٱللَّهُ مِنَ ٱلصَّٰبِرِينَ ١٠٢Пас, чун фарзандаш Исмоил ба синне расид, ки бо падари худ кору кӯшиш тавонад кард, гуфт (падар ба писараш): «Эй писаракам, ҳароина, дар хоб дидаам, ки туро, бешубҳа, забҳ мекунам. Бингар, ки чӣ меандешӣ» Гуфт (Исмоил) «Эй падар, ба ҳар чӣ фармон шудаӣ дар мавриди забҳи ман амал кун, ки агар Аллоҳ бихоҳад, маро аз собирон хоҳӣ ёфт» فَلَمَّآ أَسۡلَمَا وَتَلَّهُۥ لِلۡجَبِينِ ١٠٣Чун ҳарду ба амри Аллоҳ таслим шуданд ва Иброҳим писарашро барои забҳ ба пешонӣ хобонид وَنَٰدَيۡنَٰهُ أَن يَٰٓإِبۡرَٰهِيمُ ١٠٤Мо дар он ҳолати вазнин нидояш кардем: «Эй Иброҳим قَدۡ صَدَّقۡتَ ٱلرُّءۡيَآۚ إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٠٥ҳамоно кардӣ он кореро, ки ба он амр шудӣ ва хобатро ба ҳақиқат пайвастӣ». Ва мо, ҳароина, некӯкоронро чунин подош медиҳем. Чунон ки туро подош додем, пас онҳоро аз сахтиҳои дунё ва охират мераҳонем إِنَّ هَٰذَا لَهُوَ ٱلۡبَلَٰٓؤُاْ ٱلۡمُبِينُ ١٠٦Албатта, ин моҷаро (яъне, фармони Мо ба ту, ки қурбонӣ кунӣ писаратро) озмоиши вазнине буд, ки қуввати имонатро ошкор кард وَفَدَيۡنَٰهُ بِذِبۡحٍ عَظِيمٍ ١٠٧Ва Исмоилро бо гӯсфанди бузургҷусса бозхаридем وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ١٠٨Ва номи неки Ибоҳимро барои наслҳои баъд боқӣ гузоштем سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِبۡرَٰهِيمَ ١٠٩Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Иброҳим كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١١٠Мо некӯкоронро инчунин подош медиҳем. Чунон ки Иброҳимро барои итоат ва ба ҷо овардани амрамон подош додем إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١١١Ҳароина, ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд وَبَشَّرۡنَٰهُ بِإِسۡحَٰقَ نَبِيًّا مِّنَ ٱلصَّٰلِحِينَ ١١٢Ва Иброҳимро ба таваллуди писараш Исҳоқ, ки паёмбар ва аз ҷумлаи солеҳон буд мужда додем وَبَٰرَكۡنَا عَلَيۡهِ وَعَلَىٰٓ إِسۡحَٰقَۚ وَمِن ذُرِّيَّتِهِمَا مُحۡسِنٌ وَظَالِمٌ لِّنَفۡسِهِۦ مُبِينٌ ١١٣Ва бар ӯ ва бар Исҳоқ баракат додем ва аз фарзандонашон баъзе некӯкор (фамонбардори Аллоҳ) ҳастанд ва баъзе ошкоро бар худ ситам кардаанд, (яъне кофир шудаанд) وَلَقَدۡ مَنَنَّا عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ١١٤Ва ҳамоно Мо ба Мӯсо ва Ҳорун паёмбарӣ ва рисолатро инъом кардем وَنَجَّيۡنَٰهُمَا وَقَوۡمَهُمَا مِنَ ٱلۡكَرۡبِ ٱلۡعَظِيمِ ١١٥Он дуро ва мардумашонро аз ранҷи бузург наҷот бахшидем وَنَصَرۡنَٰهُمۡ فَكَانُواْ هُمُ ٱلۡغَٰلِبِينَ ١١٦Ва ононро ёри додем, пас бар Фиръавн пирӯз шуда ғалаба карданд وَءَاتَيۡنَٰهُمَا ٱلۡكِتَٰبَ ٱلۡمُسۡتَبِينَ ١١٧Ва ба ҳардуяшон Китоби равшангар (Таврот) додем وَهَدَيۡنَٰهُمَا ٱلصِّرَٰطَ ٱلۡمُسۡتَقِيمَ ١١٨Ва ба ҳардуяшон роҳи ростро ҳидоят кардем وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِمَا فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ١١٩Ва номи некашонро дар наслҳои баъд боқӣ гузоштем سَلَٰمٌ عَلَىٰ مُوسَىٰ وَهَٰرُونَ ١٢٠Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Мӯсо ва Ҳорун إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٢١Ҳароина, Мо бандагони некӯкорамонро инчунин подош медиҳем, чунон ки Мӯсо ва Ҳорунро подоши некӯ додем إِنَّهُمَا مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٢٢Ҳароина, он ду аз бандагони мӯъмини Мо буданд وَإِنَّ إِلۡيَاسَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٢٣Ва ҳароина, бандаамон Илёс аз зумраи паёмбарон буд إِذۡ قَالَ لِقَوۡمِهِۦٓ أَلَا تَتَّقُونَ ١٢٤Ба мардуми худ ба банӣ Исроил гуфт: «Аз Аллоҳ битарсед ва ба Ӯ чизеро ширк наёред أَتَدۡعُونَ بَعۡلًا وَتَذَرُونَ أَحۡسَنَ ٱلۡخَٰلِقِينَ ١٢٥Оё Баълро (номи бут) парастиш мекунед ва парастиши Аллоҳ, беҳтарини офаринандагонро тарк мекунед ٱللَّهَ رَبَّكُمۡ وَرَبَّ ءَابَآئِكُمُ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٢٦Ва Аллоҳро, ки Парвардигори (офаридагори) шумо ва Парвардигори падарони пешинаи шумост» فَكَذَّبُوهُ فَإِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ ١٢٧Пас, қавмаш Илёсро дурӯғ бароварданд, пас, албатта Аллоҳ онҳоро рӯзи қиёмат барои ҳисобу иқоб ҷамъ меоварад إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ١٢٨Магар бандагони мухлиси Аллоҳ, ки динашонро барои Аллоҳ холис сохтанд, пас ҳамоно онҳо наҷотёфтагонанд аз азобаш وَتَرَكۡنَا عَلَيۡهِ فِي ٱلۡأٓخِرِينَ ١٢٩Ва номи неки ӯро дар наслҳои баъдӣ боқӣ гузоштем سَلَٰمٌ عَلَىٰٓ إِلۡ يَاسِينَ ١٣٠Салом аз ҷониби Аллоҳ бар Илёс إِنَّا كَذَٰلِكَ نَجۡزِي ٱلۡمُحۡسِنِينَ ١٣١Ҳароина, Мо бандагони некӯкорамонро инчунин подош (мукофот) медиҳем, чунон ки Илёсро бар итоаткориаш подоши нек додем إِنَّهُۥ مِنۡ عِبَادِنَا ٱلۡمُؤۡمِنِينَ ١٣٢Ҳароина, ӯ аз бандагони мӯъмини Мо буд وَإِنَّ لُوطًا لَّمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٣٣Ва ҳароина, Лутро ихтиёр кардем, пас ӯро аз паёмбарон гардонидем إِذۡ نَجَّيۡنَٰهُ وَأَهۡلَهُۥٓ أَجۡمَعِينَ ١٣٤Он ҳангом, ки ӯ ва тамоми аҳлашро аз азоб наҷот додем إِلَّا عَجُوزًا فِي ٱلۡغَٰبِرِينَ ١٣٥Магар пиразане, ки ҳамсари Лут буд ӯро бо ҳамроҳи қавмаш ҳалок кардем ثُمَّ دَمَّرۡنَا ٱلۡأٓخَرِينَ ١٣٦Сипас қавми кофири боқимондаашро ҳалок кардем وَإِنَّكُمۡ لَتَمُرُّونَ عَلَيۡهِم مُّصۡبِحِينَ ١٣٧Ва шумо (эй аҳли Макка) гузар мекунед ба ҷою масканҳои қавми Лут дар вақти субҳ, ки осори азоб дар онҳо мавҷуд аст وَبِٱلَّيۡلِۚ أَفَلَا تَعۡقِلُونَ ١٣٨Ва низ шабона гузар мекунед ҳангоми рафту омаданатон ба сӯи Шом. Оё оқилона намеандешед? Пас, битарсед мабодо, ки мусибати онҳо ба сари шумо ҳам наояд وَإِنَّ يُونُسَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٣٩Ва ҳароина, бандаамон Юнусро ихтиёр кардем ва гардонидем ӯро аз зумраи паёмбарон إِذۡ أَبَقَ إِلَى ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ ١٤٠Онгоҳ ки бар қавми худ ғазаб карда ба сӯи киштии пурбор гурехт فَسَاهَمَ فَكَانَ مِنَ ٱلۡمُدۡحَضِينَ ١٤١Мавҷ аз ҳар тараф киштиро иҳота кард. Пас, қуръа заданд аҳли кишти то, ки бори киштиро сабук кунанд ва киштӣ ғарқ нашавад. Ва Юнус дар қуръа мағлуб шуд. Ва ӯро ба баҳр партофтанд فَٱلۡتَقَمَهُ ٱلۡحُوتُ وَهُوَ مُلِيمٌ ١٤٢Пас моҳӣ ӯро фурӯ бурд ва ӯ дар ҳоле, ки лоиқи сарзаниш буд فَلَوۡلَآ أَنَّهُۥ كَانَ مِنَ ٱلۡمُسَبِّحِينَ ١٤٣Пас, агар ибодатҳои пешинааш ва амалҳои шоистааш, ки пеш аз воқеъ шуданаш дар шиками моҳӣ ва тасбеҳаш намебуд لَلَبِثَ فِي بَطۡنِهِۦٓ إِلَىٰ يَوۡمِ يُبۡعَثُونَ ١٤٤албатта, то рӯзи қиёмат дар шиками моҳӣ боқӣ мемонд ۞ فَنَبَذۡنَٰهُ بِٱلۡعَرَآءِ وَهُوَ سَقِيمٌ ١٤٥Пас, дар ҳолати хастагиву бемориаш Мо ӯро аз даҳони моҳӣ ба замини хушку бе дарахт партофтем وَأَنۢبَتۡنَا عَلَيۡهِ شَجَرَةً مِّن يَقۡطِينٍ ١٤٦Ва бар болои сараш ниҳоле аз навъи кадуе рӯёнидем, то дар сояи он баҳра барад وَأَرۡسَلۡنَٰهُ إِلَىٰ مِاْئَةِ أَلۡفٍ أَوۡ يَزِيدُونَ ١٤٧Ва ӯро ба пайғамбарӣ ба ҷамъияти сад ҳазорнафара ва ё бештар фиристодем فَـَٔامَنُواْ فَمَتَّعۡنَٰهُمۡ إِلَىٰ حِينٍ ١٤٨Пас, онҳо имон оварданд ва амал карданд ба он чизе, ки ӯ оварда буд, пас то аҷалашон расидан онҳоро ба ҳаёташон баҳраманд сохтем فَٱسۡتَفۡتِهِمۡ أَلِرَبِّكَ ٱلۡبَنَاتُ وَلَهُمُ ٱلۡبَنُونَ ١٤٩Пас, (эй Паёмбар) аз қавмат бипурс: Чӣ гуна барои Аллоҳ духтаронро ихтиёр карданд, ки худ духтарро барои худ раво намебинед ва барои худ писаронро раво мебинанд أَمۡ خَلَقۡنَا ٱلۡمَلَٰٓئِكَةَ إِنَٰثًا وَهُمۡ شَٰهِدُونَ ١٥٠Аз онҳо бипурс: Оё вақте ки Мо малоикаро зан меофаридем, онҳо ҳозир буданд أَلَآ إِنَّهُم مِّنۡ إِفۡكِهِمۡ لَيَقُولُونَ ١٥١Огоҳ бош, ки ҳароина, аз дурӯғгӯияшон аст, ки мегӯянд وَلَدَ ٱللَّهُ وَإِنَّهُمۡ لَكَٰذِبُونَ ١٥٢«Аллоҳ соҳиби фарзанд аст». Ва ҳароина, дурӯғ мегӯянд, зеро мегӯянд чизеро, ки намедонанд أَصۡطَفَى ٱلۡبَنَاتِ عَلَى ٱلۡبَنِينَ ١٥٣Оё Аллоҳ духтаронро бар писарон ихтиёр кардааст مَا لَكُمۡ كَيۡفَ تَحۡكُمُونَ ١٥٤Шуморо чист? Чӣ гуна ҳукм мекунед, ки духтарон аз они Аллоҳ ва писарон аз они шумо бошанд. Ҳол он ки духтаронро шумо барои худ розӣ намешавед أَفَلَا تَذَكَّرُونَ ١٥٥Оё намеандешед, ки ҷоиз нест ва ҳам лоиқ нест, ки Аллоҳро фарзанде бошад? Поку бузург аст Аллоҳ аз ин ҳама гуфтаҳо أَمۡ لَكُمۡ سُلۡطَٰنٌ مُّبِينٌ ١٥٦Ё бар даъвои дуруғини худ далели равшане доред فَأۡتُواْ بِكِتَٰبِكُمۡ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ١٥٧Агар шуморо ҳуҷҷате ҳаст дар китобе аз назди Аллоҳ, пас китобатонро биёваред. Агар шумо роспӯй бошед وَجَعَلُواْ بَيۡنَهُۥ وَبَيۡنَ ٱلۡجِنَّةِ نَسَبًاۚ وَلَقَدۡ عَلِمَتِ ٱلۡجِنَّةُ إِنَّهُمۡ لَمُحۡضَرُونَ ١٥٨Мушрикон миёни Аллоҳу малоикаҳо хешовандиро муқаррар карданд ва мегуфтанд, ки фариштагон духтарони Аллоҳ ҳастанд ва ҳамоно малоикаҳо медонанд, ки албатта, мушрикон рӯзи қиёмат барои азоб ҳозиркардашудагонанд سُبۡحَٰنَ ٱللَّهِ عَمَّا يَصِفُونَ ١٥٩Аз он васф, ки кофирон мекунанд, Аллоҳ пок аст إِلَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ١٦٠вале бандагони мухлиси Аллоҳ, сифат намекунанд Ӯро, магар ба он сифатҳое, ки лоиқи бузургии Ӯст فَإِنَّكُمۡ وَمَا تَعۡبُدُونَ ١٦١Пас албатта, шумо эй мушрикон ва бутоне, ки ба гайри Аллоҳ мепарастед مَآ أَنتُمۡ عَلَيۡهِ بِفَٰتِنِينَ ١٦٢Ҳаргиз наметавонед касеро бо фитна гумроҳ кунед إِلَّا مَنۡ هُوَ صَالِ ٱلۡجَحِيمِ ١٦٣магар он касро, ки (ба сӯи куфру ситамаш) моил бошад ба оташи сӯзони ҷаҳаннам медарояд وَمَا مِنَّآ إِلَّا لَهُۥ مَقَامٌ مَّعۡلُومٌ ١٦٤(Гуфтанд фариштаҳо): «Ва албатта, ҳар касе аз мо ҷое муъайяне дорад дар осмон وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلصَّآفُّونَ ١٦٥Ва албатта, мо дар ибодати Алдоҳ сафкашандагонем وَإِنَّا لَنَحۡنُ ٱلۡمُسَبِّحُونَ ١٦٦Ва албатта, мо тасбеҳгӯяндагонем وَإِن كَانُواْ لَيَقُولُونَ ١٦٧(Ва кофирони Макка пеш аз паёмбарии ту пайваста) мегуфтанд لَوۡ أَنَّ عِندَنَا ذِكۡرًا مِّنَ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٦٨Агар назди мо ҳам ба мисли умматони гузашта китоб ва паёмбаре меомад لَكُنَّا عِبَادَ ٱللَّهِ ٱلۡمُخۡلَصِينَ ١٦٩Албатта, мо ҳам аз бандагони ихлосёфтаи Аллоҳ мешудем ва бешак парастишамонро барои Ӯ холис месохтем ва дар имонамон содиқ мебудем فَكَفَرُواْ بِهِۦۖ فَسَوۡفَ يَعۡلَمُونَ ١٧٠Вале чун бузургтарини паёмбарон Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба онҳо китоби Қуръонро овард, ба он кофир шуданд. Пас, ба зудӣ хоҳанд донист чи азобе барои онҳост дар охират وَلَقَدۡ سَبَقَتۡ كَلِمَتُنَا لِعِبَادِنَا ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٧١Ва ба ростӣ калимаи Мо барои бандагони фиристодаи Мо аз пеш дар Лавҳи Маҳфуз содир шудааст إِنَّهُمۡ لَهُمُ ٱلۡمَنصُورُونَ ١٧٢ки албатта, онҳо дар дунёву охират нусрат дода мешаванд وَإِنَّ جُندَنَا لَهُمُ ٱلۡغَٰلِبُونَ ١٧٣Ва ҳароина, лашкарони Мо бар душманонашон бо ҳуҷҷату қувват ғолибанд فَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٍ ١٧٤Пас (эй Расул), то муддате аз он саркашон рӯй гардон, ки онҳо ҳақро қабул накарданд ва барояшон мӯҳлат бидеҳ, ки ҷуз азоби Аллоҳ чизе боқӣ намондааст وَأَبۡصِرۡهُمۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ ١٧٥Ва бингар ва муроқиб бош чӣ азобе ба сарашон ояд. Пас, онҳо низ хоҳанд дид чӣ азоби Аллоҳ ба сарашон меояд أَفَبِعَذَابِنَا يَسۡتَعۡجِلُونَ ١٧٦Оё азоби Моро эй Паёмбар, ба шитоб металабанд فَإِذَا نَزَلَ بِسَاحَتِهِمۡ فَسَآءَ صَبَاحُ ٱلۡمُنذَرِينَ ١٧٧Пас чун фуруд ояд азоби Мо ба онҳо, пас чӣ бомдоди баде хоҳанд дошт وَتَوَلَّ عَنۡهُمۡ حَتَّىٰ حِينٍ ١٧٨Ва аз онҳо то муддате, ки азоби Аллоҳ ба сарашон ояд рӯй бигардон وَأَبۡصِرۡ فَسَوۡفَ يُبۡصِرُونَ ١٧٩Ва бингар, пас зуд аст, ки мебинанд чӣ азобу хорие ба сарашон меояд سُبۡحَٰنَ رَبِّكَ رَبِّ ٱلۡعِزَّةِ عَمَّا يَصِفُونَ ١٨٠Муназзаҳу пок аст Парвардигори ту аз ҳар чӣ ба васфи Ӯ тӯҳматгарон мегӯянд وَسَلَٰمٌ عَلَى ٱلۡمُرۡسَلِينَ ١٨١Ва салом ва дуруду эминӣ бод ба тамоми паёмбарон وَٱلۡحَمۡدُ لِلَّهِ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ١٨٢Ва сипосу ситоиш хос аз они Аллоҳе аст, ки Парвардигори ҷаҳониён аст