بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
يسٓ ١Ё, Син وَٱلۡقُرۡءَانِ ٱلۡحَكِيمِ ٢Аллоҳ савганд ёд мекунад ба Қуръони боҳикмат إِنَّكَ لَمِنَ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ٣Бегумон ту аз зумраи фиристодагони Аллоҳ ҳастӣ عَلَىٰ صِرَٰطٍ مُّسۡتَقِيمٍ ٤бар роҳи рост ҳастӣ ва он ислом аст تَنزِيلَ ٱلۡعَزِيزِ ٱلرَّحِيمِ ٥Ин Қуръон фиристодаи Аллоҳи пирӯзманди меҳрубон аст لِتُنذِرَ قَوۡمًا مَّآ أُنذِرَ ءَابَآؤُهُمۡ فَهُمۡ غَٰفِلُونَ ٦Эй Расул, Қуръонро бар ту нозил кардем, то мардумеро бим диҳӣ, ки падаронашон бим дода нашуданд ва худ ғофилу бехабаранд لَقَدۡ حَقَّ ٱلۡقَوۡلُ عَلَىٰٓ أَكۡثَرِهِمۡ فَهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ٧Бегумон ваъдаи Аллоҳ дар бораи аксари он кофирон таҳаққуқ ёфтааст, зеро баъд аз он ки ҳақ бар онҳо арза шуд, онро напазируфтанд, пас имон намеоваранд إِنَّا جَعَلۡنَا فِيٓ أَعۡنَٰقِهِمۡ أَغۡلَٰلًا فَهِيَ إِلَى ٱلۡأَذۡقَانِ فَهُم مُّقۡمَحُونَ ٨Ҳароина, Мо бар гарданҳои кофироне, ки ҳақро напазируфтанд то манаҳҳо тавқ ниҳодем, чунон ки сарҳояшон ба болост ва онро поин карда натавонанд. (Ин масале аст, ки напазируфтани ҳидоят ҳамчун напазируфтани касе аст, ки дар тавқ баста қарор дорад ва қодир ба ҳаракат нест) وَجَعَلۡنَا مِنۢ بَيۡنِ أَيۡدِيهِمۡ سَدًّا وَمِنۡ خَلۡفِهِمۡ سَدًّا فَأَغۡشَيۡنَٰهُمۡ فَهُمۡ لَا يُبۡصِرُونَ ٩Ва дар баробари рӯи кофирон ва дар пушти сарашон деворе қарор додем. Ва бар чашмонашон низ пардае афкандем, пас онҳо ба сабаби куфру такаббурашон ҳақро намебинанд وَسَوَآءٌ عَلَيۡهِمۡ ءَأَنذَرۡتَهُمۡ أَمۡ لَمۡ تُنذِرۡهُمۡ لَا يُؤۡمِنُونَ ١٠Эй Паёмбар, барои онҳо баробар аст, чи онҳоро битарсонӣ ва чи натарсонӣ, имон намеоваранд إِنَّمَا تُنذِرُ مَنِ ٱتَّبَعَ ٱلذِّكۡرَ وَخَشِيَ ٱلرَّحۡمَٰنَ بِٱلۡغَيۡبِۖ فَبَشِّرۡهُ بِمَغۡفِرَةٍ وَأَجۡرٍ كَرِيمٍ ١١Танҳо ту касеро метарсонӣ, ки аз Қуръон пайравӣ кунад ва аз Аллоҳи меҳрубон дар ниҳон битарсад. Пас ӯро ба омурзиш аз гуноҳҳояш ва подоши некӯ мужда бидеҳ, ки он ворид шудани ҷаннат аст إِنَّا نَحۡنُ نُحۡيِ ٱلۡمَوۡتَىٰ وَنَكۡتُبُ مَا قَدَّمُواْ وَءَاثَٰرَهُمۡۚ وَكُلَّ شَيۡءٍ أَحۡصَيۡنَٰهُ فِيٓ إِمَامٍ مُّبِينٍ ١٢Ҳароина, Мо мурдагонро рӯзи қиёмат зинда мекунем. Ва ҳар кореро, ки пеш аз ин аз неку бад кардаанд ва ҳар чизҳоеро, ки боқӣ гузоштанд, баъди маргашон аз корҳои хуб, монанди фарзанди солеҳ, илми нофеъ ва садақаи ҷория ва аз корҳои бад, монанди ширку исён менависем ва ҳар чизро дар Китоби мубин (Лавҳи Маҳфуз) шумор кардаем وَٱضۡرِبۡ لَهُم مَّثَلًا أَصۡحَٰبَ ٱلۡقَرۡيَةِ إِذۡ جَآءَهَا ٱلۡمُرۡسَلُونَ ١٣Достони мардуми он деҳаро бар онҳо биёвар, он гоҳ ки фиристодагони Аллоҳ ба сӯи онҳо омаданд إِذۡ أَرۡسَلۡنَآ إِلَيۡهِمُ ٱثۡنَيۡنِ فَكَذَّبُوهُمَا فَعَزَّزۡنَا بِثَالِثٍ فَقَالُوٓاْ إِنَّآ إِلَيۡكُم مُّرۡسَلُونَ ١٤Нахуст ду танро аз фиристодагони худ барои даъват ба сӯи имон ба наздашон фиристодем, пас онҳо дурӯғгӯяшон бароварданд, пас он ду шахсро бо саввумин шахс пурзӯрашон кардем ва гуфтанд: «Ҳароина, мо ба сӯи шумо фиристода шудаем» قَالُواْ مَآ أَنتُمۡ إِلَّا بَشَرٌ مِّثۡلُنَا وَمَآ أَنزَلَ ٱلرَّحۡمَٰنُ مِن شَيۡءٍ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا تَكۡذِبُونَ ١٥Мардуми он деҳа гуфтанд: «Шумо инсонҳое монанди мо ҳастед ва Аллоҳи меҳрубон ҳеҷ чиз нафиристодааст ва шумо дурӯғ мегӯед» قَالُواْ رَبُّنَا يَعۡلَمُ إِنَّآ إِلَيۡكُمۡ لَمُرۡسَلُونَ ١٦Фиристодагони Аллоҳ гуфтанд: «Ҳароина, Парвардигори мо медонад, ки мо ба сӯи шумо фиристода шудаем وَمَا عَلَيۡنَآ إِلَّا ٱلۡبَلَٰغُ ٱلۡمُبِينُ ١٧Ва бар ӯҳдаи мо ҷуз паём расонидани ошкор ҳеҷ чиз дигаре нест» قَالُوٓاْ إِنَّا تَطَيَّرۡنَا بِكُمۡۖ لَئِن لَّمۡ تَنتَهُواْ لَنَرۡجُمَنَّكُمۡ وَلَيَمَسَّنَّكُم مِّنَّا عَذَابٌ أَلِيمٌ ١٨Мардуми деҳа гуфтанд: «Ба таҳқиқ, Мо шуморо ба фоли бад гирифтаем. Агар бас накунед, ҳатман, сангсоратон хоҳем кард ва шуморо аз мо шиканҷае сахт хоҳад расид» قَالُواْ طَٰٓئِرُكُم مَّعَكُمۡ أَئِن ذُكِّرۡتُمۚ بَلۡ أَنتُمۡ قَوۡمٌ مُّسۡرِفُونَ ١٩Фиристодагони Аллоҳ гуфтанд: « Фоли бади шумо бо худи шумост. Оё агар пандатон диҳанд, ки салоҳи шумо дар он мебошад, ба мо чунин мегӯед? Балки, мардуми аз ҳад гузашта ҳастед!» وَجَآءَ مِنۡ أَقۡصَا ٱلۡمَدِينَةِ رَجُلٌ يَسۡعَىٰ قَالَ يَٰقَوۡمِ ٱتَّبِعُواْ ٱلۡمُرۡسَلِينَ ٢٠Марде аз ҷои дуртарини он шаҳр давон - давон омаду гуфт: «Эй қавми ман, ба ин расулон пайравӣ кунед ٱتَّبِعُواْ مَن لَّا يَسۡـَٔلُكُمۡ أَجۡرًا وَهُم مُّهۡتَدُونَ ٢١Касонеро пайравӣ кунед, ки аз шумо музде наметалабанд ва худ мардуми ҳидоятёфтаанд وَمَالِيَ لَآ أَعۡبُدُ ٱلَّذِي فَطَرَنِي وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٢٢Чаро Аллоҳеро, ки маро офаридааст ва ба назди Ӯ бозгардонда мешавед, напарастам ءَأَتَّخِذُ مِن دُونِهِۦٓ ءَالِهَةً إِن يُرِدۡنِ ٱلرَّحۡمَٰنُ بِضُرٍّ لَّا تُغۡنِ عَنِّي شَفَٰعَتُهُمۡ شَيۡـًٔا وَلَا يُنقِذُونِ ٢٣Оё ғайри Ӯ маъбудонеро ихтиёр кунам, ки агар ба ман зиёне бирасонад, шафоъаташон маро ҳеҷ фоида накунад ва маро натавонанд наҷот дод إِنِّيٓ إِذًا لَّفِي ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ ٢٤Агар чунин маъбудонеро парастиш кунам, ҳароина, дар ин ҳангом ман дар гумроҳии ошкор бошам إِنِّيٓ ءَامَنتُ بِرَبِّكُمۡ فَٱسۡمَعُونِ ٢٥Ҳароина, ман ба Парвардигоратон имон овардам. Пас, сухани маро бишнавед ва маро итоат кунед.» قِيلَ ٱدۡخُلِ ٱلۡجَنَّةَۖ قَالَ يَٰلَيۡتَ قَوۡمِي يَعۡلَمُونَ ٢٦Пас, аз он ки ӯро ба зулм куштанд, ба ӯ гуфта шуд: «Ба биҳишт дарой!, чун неъматҳои биҳиштро дид», гуфт: «Эй кош, қавми ман медонистанд بِمَا غَفَرَ لِي رَبِّي وَجَعَلَنِي مِنَ ٱلۡمُكۡرَمِينَ ٢٧он чизеро, ки Парвардигори ман маро ба сабаби имон ба Аллоҳ ва сабр бар тоаташ биёмурзид ва дар зумраи гиромишудагон даровард»
۞ وَمَآ أَنزَلۡنَا عَلَىٰ قَوۡمِهِۦ مِنۢ بَعۡدِهِۦ مِن جُندٍ مِّنَ ٱلسَّمَآءِ وَمَا كُنَّا مُنزِلِينَ ٢٨Ва аз он пас баъди шаҳодаташон бар сари қавми ӯ ҳеҷ лашкаре аз осмон фурӯ нафиристодем. Ва Мо пеш аз ин низ фиристода набудем إِن كَانَتۡ إِلَّا صَيۡحَةً وَٰحِدَةً فَإِذَا هُمۡ خَٰمِدُونَ ٢٩Балки азоби онҳо як бонги сахте буд, ки ногоҳ ҳама бар ҷой хомӯш ҳалок шуданд يَٰحَسۡرَةً عَلَى ٱلۡعِبَادِۚ مَا يَأۡتِيهِم مِّن رَّسُولٍ إِلَّا كَانُواْ بِهِۦ يَسۡتَهۡزِءُونَ ٣٠(Аллоҳ мегӯяд:) Эй дареғ бар ин бандагон! Ҳеҷ паёмбаре бар онҳо фиристода нашуд, магар он ки масхарааш карданд أَلَمۡ يَرَوۡاْ كَمۡ أَهۡلَكۡنَا قَبۡلَهُم مِّنَ ٱلۡقُرُونِ أَنَّهُمۡ إِلَيۡهِمۡ لَا يَرۡجِعُونَ ٣١Оё ин масхаракунандагон надидаанд, ки чӣ мардумеро пеш аз онҳо ҳалок кардаем, ки дигар, ҳаргиз ба наздашон ба дунё бознамегарданд وَإِن كُلٌّ لَّمَّا جَمِيعٌ لَّدَيۡنَا مُحۡضَرُونَ ٣٢Ва ҳеҷ касе нест, аз ҳалок шудагон ва дигарон, ки дар рӯзи қиёмат барои ҳисоб назди Мо ҳозираш наоранд وَءَايَةٌ لَّهُمُ ٱلۡأَرۡضُ ٱلۡمَيۡتَةُ أَحۡيَيۡنَٰهَا وَأَخۡرَجۡنَا مِنۡهَا حَبًّا فَمِنۡهُ يَأۡكُلُونَ ٣٣Ва замини мурда барои он мушрикон, нишона ва ибратест, ки Мо онро бо фуруд овардани об зинда гардонидем ва донае (ғизое), ки аз он мехӯранд, берун овардем.( Албатта, касе, ки замини мурдаро бо наботот зинда гардонид, метавонад халқро баъди мурданаш зинда гардонад) وَجَعَلۡنَا فِيهَا جَنَّٰتٍ مِّن نَّخِيلٍ وَأَعۡنَٰبٍ وَفَجَّرۡنَا فِيهَا مِنَ ٱلۡعُيُونِ ٣٤Ва дар он замин аз хурмо ва ангурзор боғҳо қарор додем ва чашмаҳо равон сохтем لِيَأۡكُلُواْ مِن ثَمَرِهِۦ وَمَا عَمِلَتۡهُ أَيۡدِيهِمۡۚ أَفَلَا يَشۡكُرُونَ ٣٥то аз меваҳои он ва дастранҷи хеш бихӯранд. Ин ҳама аз раҳмати Аллоҳ буд, на аз машаққату қуввати онҳо. Пас чаро ба неъматҳои Аллоҳ сипос намегӯянд سُبۡحَٰنَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلۡأَزۡوَٰجَ كُلَّهَا مِمَّا تُنۢبِتُ ٱلۡأَرۡضُ وَمِنۡ أَنفُسِهِمۡ وَمِمَّا لَا يَعۡلَمُونَ ٣٦Пок аст он Аллоҳе, ки ҳамаи ҷуфтҳоро биёфарид, аз он чи замин мерӯёнад ва аз худашон (нару мода) ва ҳар он чизе, ки онҳо намедонанд. Аллоҳ дар офариниши худ касеро шарик нагирифтааст пас сазовор нест, ки ба Ӯ шарик муқаррар карда шавад وَءَايَةٌ لَّهُمُ ٱلَّيۡلُ نَسۡلَخُ مِنۡهُ ٱلنَّهَارَ فَإِذَا هُم مُّظۡلِمُونَ ٣٧Ва шаб барояшон низ нишона ва ибрати дигарест, ки Мо рӯзро аз он бармегирем, ногаҳон торикӣ ононро фаро мегирад وَٱلشَّمۡسُ تَجۡرِي لِمُسۡتَقَرٍّ لَّهَاۚ ذَٰلِكَ تَقۡدِيرُ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡعَلِيمِ ٣٨Ва офтоб низ барояшон нишона ва ибрати дигарест, ки ба сӯи қароргоҳи хеш равон аст. Ин фармони Аллоҳи пирӯзманду доност وَٱلۡقَمَرَ قَدَّرۡنَٰهُ مَنَازِلَ حَتَّىٰ عَادَ كَٱلۡعُرۡجُونِ ٱلۡقَدِيمِ ٣٩Ва барои моҳ манзилҳое таъин кардем, ки пас аз тай карданаш онҳоро монанди шохаи хушкидаи хурмо борик шавад لَا ٱلشَّمۡسُ يَنۢبَغِي لَهَآ أَن تُدۡرِكَ ٱلۡقَمَرَ وَلَا ٱلَّيۡلُ سَابِقُ ٱلنَّهَارِۚ وَكُلٌّ فِي فَلَكٍ يَسۡبَحُونَ ٤٠Офтобро насазад, ки ба моҳ расад ва шабро насазад, ки бар рӯз пешӣ гирад ва ҳама аз офтобу маҳтоб ва ситорагон дар фалаке шиноваранд وَءَايَةٌ لَّهُمۡ أَنَّا حَمَلۡنَا ذُرِّيَّتَهُمۡ فِي ٱلۡفُلۡكِ ٱلۡمَشۡحُونِ ٤١Ибрати дигаре барои онҳо ин аст, ки ҳароина, Мо фарзандонашонро дар он киштии пуркардашуда аз худашон ва матоъҳояшон савор кардем وَخَلَقۡنَا لَهُم مِّن مِّثۡلِهِۦ مَا يَرۡكَبُونَ ٤٢Ва барои он мушрикон монанди киштӣ чизе офаридем, ки бар он савор шаванд وَإِن نَّشَأۡ نُغۡرِقۡهُمۡ فَلَا صَرِيخَ لَهُمۡ وَلَا هُمۡ يُنقَذُونَ ٤٣Ва агар бихоҳем, ҳамаро ғарқ месозем ва онҳоро ҳеҷ фарёдрасе набошад ва наҷот дода намешаванд إِلَّا رَحۡمَةً مِّنَّا وَمَتَٰعًا إِلَىٰ حِينٍ ٤٤магар ин ки раҳмати Мо ба додашон бирасад ва онҳоро ғарқ накунем ва то муддате баҳрамандашон созем, ки аз камбудиҳои худ бозгарданд وَإِذَا قِيلَ لَهُمُ ٱتَّقُواْ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيكُمۡ وَمَا خَلۡفَكُمۡ لَعَلَّكُمۡ تُرۡحَمُونَ ٤٥Ва он гоҳ ки ба он мушрикон гуфта шавад, ки аз он чи дар пеши рӯй доред ё пушти сар доред, битарсед, шояд, ки мавриди раҳмат қарор гиред, вале рӯй баргардонданд, қабул ыакардаыд وَمَا تَأۡتِيهِم مِّنۡ ءَايَةٍ مِّنۡ ءَايَٰتِ رَبِّهِمۡ إِلَّا كَانُواْ عَنۡهَا مُعۡرِضِينَ ٤٦Ва ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигорашон бар он мушрикон нозил нашавад, ҷуз он ки аз он рӯй гардонанд وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ أَنفِقُواْ مِمَّا رَزَقَكُمُ ٱللَّهُ قَالَ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ لِلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ أَنُطۡعِمُ مَن لَّوۡ يَشَآءُ ٱللَّهُ أَطۡعَمَهُۥٓ إِنۡ أَنتُمۡ إِلَّا فِي ضَلَٰلٍ مُّبِينٍ ٤٧Ва чун гуфта шавад, барои кофирон, ки аз он чи Аллоҳ рӯзиятон кардааст, садақа кунед, кофирон ба мӯъминон гӯянд: «Оё касонеро таом диҳем, ки агар Аллоҳ мехост, худ онҳоро таом медод? Шумо, кофирон, албатта, дар гумроҳии ошкор ҳастед» وَيَقُولُونَ مَتَىٰ هَٰذَا ٱلۡوَعۡدُ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ ٤٨Ва инҳо кофирони мункир аз ҳақ мегӯянд: «Агар рост мегӯед, ин ваъда кай хоҳад буд?» مَا يَنظُرُونَ إِلَّا صَيۡحَةً وَٰحِدَةً تَأۡخُذُهُمۡ وَهُمۡ يَخِصِّمُونَ ٤٩Ин мушрикон интизорӣ намекашанд, магар як садои марговарро, ки онҳоро фаро мегирад дар ҳоле ки бехабар аз марг бо якдигар дар хусумат ҳастанд فَلَا يَسۡتَطِيعُونَ تَوۡصِيَةً وَلَآ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمۡ يَرۡجِعُونَ ٥٠Пас, дар он вақт мушрикон наметавонанд васияте кунанд ва на ба сӯи хонаводаи худ бозгарданд وَنُفِخَ فِي ٱلصُّورِ فَإِذَا هُم مِّنَ ٱلۡأَجۡدَاثِ إِلَىٰ رَبِّهِمۡ يَنسِلُونَ ٥١Ва дар сур дамида мешавад ва онон аз қабрҳо берун оянд ва шитобон ба сӯи Парвардигорашон раванд قَالُواْ يَٰوَيۡلَنَا مَنۢ بَعَثَنَا مِن مَّرۡقَدِنَاۜۗ هَٰذَا مَا وَعَدَ ٱلرَّحۡمَٰنُ وَصَدَقَ ٱلۡمُرۡسَلُونَ ٥٢Мункирони рӯзи қиёмат мегӯянд: «Вой бар мо, чӣ касе моро аз хобҳоямон барангехт? Ин ҳамон ваъдаи Аллоҳи меҳрубон аст ва паёмбарон рост гуфта буданд!» إِن كَانَتۡ إِلَّا صَيۡحَةً وَٰحِدَةً فَإِذَا هُمۡ جَمِيعٌ لَّدَيۡنَا مُحۡضَرُونَ ٥٣Он ҷуз як бонги даҳшатнок нахоҳад буд, пас онгоҳ онҳо ҳама барои ҳисобу ҷазо дар пешгоҳамон гирд оварда мешаванд فَٱلۡيَوۡمَ لَا تُظۡلَمُ نَفۡسٌ شَيۡـًٔا وَلَا تُجۡزَوۡنَ إِلَّا مَا كُنتُمۡ تَعۡمَلُونَ ٥٤Он рӯз ба ҳеҷ кас ситам намешавад. Ва ҷуз монанди коре, ки кардаед, подош намебинед إِنَّ أَصۡحَٰبَ ٱلۡجَنَّةِ ٱلۡيَوۡمَ فِي شُغُلٍ فَٰكِهُونَ ٥٥Албатта, биҳиштиён он рӯз ба шодмонӣ машғул бошанд هُمۡ وَأَزۡوَٰجُهُمۡ فِي ظِلَٰلٍ عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ مُتَّكِـُٔونَ ٥٦Онҳо ва ҳамсаронашон дар сояҳое бар тахтҳо такя задаанд لَهُمۡ فِيهَا فَٰكِهَةٌ وَلَهُم مَّا يَدَّعُونَ ٥٧Дар он ҷо ҳар мева ва ҳар чизи дигар, ки бихоҳанд, фароҳам аст سَلَٰمٌ قَوۡلًا مِّن رَّبٍّ رَّحِيمٍ ٥٨Ба онҳо гуфта мешавад: салом бар шумо бод, ин суханест аз ҷониби Парвардигори меҳрубон وَٱمۡتَٰزُواْ ٱلۡيَوۡمَ أَيُّهَا ٱلۡمُجۡرِمُونَ ٥٩Ва гуфта мешавад; эй гунаҳкорон, имрӯз аз мӯъминон ҷудо шавед ۞ أَلَمۡ أَعۡهَدۡ إِلَيۡكُمۡ يَٰبَنِيٓ ءَادَمَ أَن لَّا تَعۡبُدُواْ ٱلشَّيۡطَٰنَۖ إِنَّهُۥ لَكُمۡ عَدُوٌّ مُّبِينٌ ٦٠Эй фарзандони Одам, оё ба воситаи паёмбаронам бо шумо паймон набастам, ки шайтонро напарастед ва ӯро итоат макунед, ҳароина, ӯ душмани ошкори шумост وَأَنِ ٱعۡبُدُونِيۚ هَٰذَا صِرَٰطٌ مُّسۡتَقِيمٌ ٦١Ва шуморо фармон додам, ки Маро бипарастед, ки роҳи рост ин аст وَلَقَدۡ أَضَلَّ مِنكُمۡ جِبِلًّا كَثِيرًاۖ أَفَلَمۡ تَكُونُواْ تَعۡقِلُونَ ٦٢Ва ҳамоно шайтон гӯруҳи бисёреро аз шумо гумроҳ кард. Пас, оё ба ақл дарнамеёфтед هَٰذِهِۦ جَهَنَّمُ ٱلَّتِي كُنتُمۡ تُوعَدُونَ ٦٣Ин аст он ҷаҳаннаме, ки ба шумо дар дунё ваъда дода шуда буд, вале шумо онро дурӯғ мебаровардед ٱصۡلَوۡهَا ٱلۡيَوۡمَ بِمَا كُنتُمۡ تَكۡفُرُونَ ٦٤Имрӯз ба сазои куфре, ки меварзидед, дар он дохил шавед ٱلۡيَوۡمَ نَخۡتِمُ عَلَىٰٓ أَفۡوَٰهِهِمۡ وَتُكَلِّمُنَآ أَيۡدِيهِمۡ وَتَشۡهَدُ أَرۡجُلُهُم بِمَا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ ٦٥Имрӯз бар даҳонҳояшон мӯҳр мениҳем, ки сухан гуфта наметавонанд. Ва аз он корҳое, ки мекарданд, дастҳояшон бо Мо сухан мегӯяд ва пойҳояшон бар он хувоҳӣ медиҳад وَلَوۡ نَشَآءُ لَطَمَسۡنَا عَلَىٰٓ أَعۡيُنِهِمۡ فَٱسۡتَبَقُواْ ٱلصِّرَٰطَ فَأَنَّىٰ يُبۡصِرُونَ ٦٦Агар бихоҳем чашмонашонро кӯр мекунем. Пас, шитобон роҳ пеш гиранд. Аммо куҷоро тавонанд дид, дар ҳоле, ки чашмҳояшон кӯр гаштааст وَلَوۡ نَشَآءُ لَمَسَخۡنَٰهُمۡ عَلَىٰ مَكَانَتِهِمۡ فَمَا ٱسۡتَطَٰعُواْ مُضِيًّا وَلَا يَرۡجِعُونَ ٦٧Ва агар бихоҳем, онҳоро бар ҷояшон масх (табдил ба ҳайвон ё сурати бадшакл ё берӯҳ) кунем, ки на тавоне дошта бошанд, ки пеш қадам бардоранд ва на ақиб бозмегарданд وَمَن نُّعَمِّرۡهُ نُنَكِّسۡهُ فِي ٱلۡخَلۡقِۚ أَفَلَا يَعۡقِلُونَ ٦٨Ҳар киро умри дароз диҳем, дар офариниш ӯро дигаргун кунем. Чаро оқилона намеандешанд? Пас, он Зоте, ки чунин қудрат дорад, албатта, қодир аст онҳоро дубора зинда гардонад وَمَا عَلَّمۡنَٰهُ ٱلشِّعۡرَ وَمَا يَنۢبَغِي لَهُۥٓۚ إِنۡ هُوَ إِلَّا ذِكۡرٌ وَقُرۡءَانٌ مُّبِينٌ ٦٩Ба ӯ (Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам) шеър наомӯхтем ва шеър лоиқи ӯ нест. Он, ҷуз Қуръони ошкор чизи дигаре намебошад لِّيُنذِرَ مَن كَانَ حَيًّا وَيَحِقَّ ٱلۡقَوۡلُ عَلَى ٱلۡكَٰفِرِينَ ٧٠Ва то ҳар касро, ки зинда дил бошад бим диҳад ва сухани ҳақ бар кофирон собит шавад أَوَلَمۡ يَرَوۡاْ أَنَّا خَلَقۡنَا لَهُم مِّمَّا عَمِلَتۡ أَيۡدِينَآ أَنۡعَٰمًا فَهُمۡ لَهَا مَٰلِكُونَ ٧١Оё бо нигоҳи ибрат надидаанд, ки бо дастони хеш барои онҳо чорпоёнро аз нестӣ офаридем ва акнун инсонҳо молики онҳо ҳастанд وَذَلَّلۡنَٰهَا لَهُمۡ فَمِنۡهَا رَكُوبُهُمۡ وَمِنۡهَا يَأۡكُلُونَ ٧٢Ва он чорпоёнро барояшон ром кардем. Бар баъзе аз онҳо савор мешаванд. Ва гӯшти баъзеро мехӯранд وَلَهُمۡ فِيهَا مَنَٰفِعُ وَمَشَارِبُۚ أَفَلَا يَشۡكُرُونَ ٧٣Ва барои он одамҳо дар он чорпоён фоидаҳост ва ошомиданиҳост. Чаро шукр намегӯянд وَٱتَّخَذُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ ءَالِهَةً لَّعَلَّهُمۡ يُنصَرُونَ ٧٤Ва ба ҷои Аллоҳ ба он умед маъбудоне ихтиёр кардаанд, ки ёрияшон кунанд لَا يَسۡتَطِيعُونَ نَصۡرَهُمۡ وَهُمۡ لَهُمۡ جُندٌ مُّحۡضَرُونَ ٧٥Он маъбудҳои дурӯғинро қудрати он нест, ки ба ёриашон бархезанд, вале ин бутпарастон монанди лашкаре ба хидматашон омода ҳастанд فَلَا يَحۡزُنكَ قَوۡلُهُمۡۘ إِنَّا نَعۡلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعۡلِنُونَ ٧٦Суханашон туро эй Расул, андӯҳгин насозад. Албатта, Мо ҳар чиро, ки пинҳон медоранд ё ошкор месозанд, медонем أَوَلَمۡ يَرَ ٱلۡإِنسَٰنُ أَنَّا خَلَقۡنَٰهُ مِن نُّطۡفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ ٧٧Оё он инсони мункири рӯзи қиёмат надидааст, ки Мо ӯро аз нутфае офаридаем, пас, ӯ ситезаҷӯйи ошкор шудааст وَضَرَبَ لَنَا مَثَلًا وَنَسِيَ خَلۡقَهُۥۖ قَالَ مَن يُحۡيِ ٱلۡعِظَٰمَ وَهِيَ رَمِيمٌ ٧٨Ва барои Мо масале зад ва офариниши худро фаромӯш карда гуфт: « Чӣ касе ин устухонҳои пӯсидаро дубора зинда мекунад» قُلۡ يُحۡيِيهَا ٱلَّذِيٓ أَنشَأَهَآ أَوَّلَ مَرَّةٍۖ وَهُوَ بِكُلِّ خَلۡقٍ عَلِيمٌ ٧٩Бигӯ барои ӯ: «Зоте онҳоро зинда мекунад, ки дар оғоз онҳоро офаридааст ва Ӯ ба ҳар офаринише доност ٱلَّذِي جَعَلَ لَكُم مِّنَ ٱلشَّجَرِ ٱلۡأَخۡضَرِ نَارًا فَإِذَآ أَنتُم مِّنۡهُ تُوقِدُونَ ٨٠Он Аллоҳе, ки аз дарахти сабз бароятон оташ падид овард ва шумо аз он оташ меафрӯзед. Инчунин Аллоҳ қодир аст, ки мурдагонро аз қабрҳояшон зинда берун орад أَوَلَيۡسَ ٱلَّذِي خَلَقَ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ بِقَٰدِرٍ عَلَىٰٓ أَن يَخۡلُقَ مِثۡلَهُمۚ بَلَىٰ وَهُوَ ٱلۡخَلَّٰقُ ٱلۡعَلِيمُ ٨١Оё касе, ки осмонҳову заминро офаридааст, наметавонад монанди онҳоро дубора биёфаринад? Оре, метавонад, ки Ӯ офаринандаи ҳамаи махлуқот аст ва ба ҳар чӣ офарид ва меофарад, доност إِنَّمَآ أَمۡرُهُۥٓ إِذَآ أَرَادَ شَيۡـًٔا أَن يَقُولَ لَهُۥ كُن فَيَكُونُ ٨٢Чун бихоҳад чизеро биёфарад, ҳароина, фармонаш ин аст, ки мегӯяд: «Мавҷуд шав!» Пас, мавҷуд мешавад فَسُبۡحَٰنَ ٱلَّذِي بِيَدِهِۦ مَلَكُوتُ كُلِّ شَيۡءٍ وَإِلَيۡهِ تُرۡجَعُونَ ٨٣Пок аст он Аллоҳе, ки малакут (моликияту ҳокимият)-и ҳар чизе ба дасти Ӯст ва ҳама ба сӯи Ӯ барои ҳисобу ҷазо бозгардонда мешавед