بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ
وَٱلتِّينِ وَٱلزَّيۡتُونِ ١Аллоҳ савганд ёд мекунад: Савганд ба анҷиру зайтун وَطُورِ سِينِينَ ٢ва савганд ба кӯҳи Тури Сино, ки дар он ҷо Аллоҳ бевосита бо Мӯсо алайҳиссалом сухан гуфт وَهَٰذَا ٱلۡبَلَدِ ٱلۡأَمِينِ ٣Савганд ба ин шаҳри эмин аз ҳамаи хавф, ки Макка аст لَقَدۡ خَلَقۡنَا ٱلۡإِنسَٰنَ فِيٓ أَحۡسَنِ تَقۡوِيمٍ ٤ки мо одамиро ба таҳқиқ дар некӯтарин сурате биёфаридем ثُمَّ رَدَدۡنَٰهُ أَسۡفَلَ سَٰفِلِينَ ٥Он гоҳ ӯро ба сӯи дӯзах гардонидем, агар аз итоъати Парвардигораш ва аз пайравии расули Аллоҳ рӯй гардонад إِلَّا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ وَعَمِلُواْ ٱلصَّٰلِحَٰتِ فَلَهُمۡ أَجۡرٌ غَيۡرُ مَمۡنُونٍ ٦магар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, пас барои онон подоши бепоён аст فَمَا يُكَذِّبُكَ بَعۡدُ بِٱلدِّينِ ٧Эй инсон, пас чист, ки баъд аз ин ҳама панду насиҳат туро ба дурӯғ шуморидани қиёмат вомедорад أَلَيۡسَ ٱللَّهُ بِأَحۡكَمِ ٱلۡحَٰكِمِينَ ٨Оё Аллоҳ ҳукмкунандатарини ҳокимон намебошад дар ҳама чизе, ки офаридаст? Бале албатта мебошад