ملة الإسلام

السورة 82 · 19 آية · Khoja Mirov

سورة الانفطار باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة الانفطار (1,366 قارئاً)
مكيةسورة الانفطار١٩ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا ٱلسَّمَآءُ ٱنفَطَرَتۡ ١Он гоҳ, ки осмон шикофта мегардад ва низоми он вайрон мешавад وَإِذَا ٱلۡكَوَاكِبُ ٱنتَثَرَتۡ ٢ва он гоҳ ки ситорагон фурӯ мерезанд وَإِذَا ٱلۡبِحَارُ فُجِّرَتۡ ٣ва он гоҳ, ки дарёҳо ба шиддат равон мешаванд وَإِذَا ٱلۡقُبُورُ بُعۡثِرَتۡ ٤ва он гоҳ, ки қабрҳо зер ва рӯ мегарданд عَلِمَتۡ نَفۡسٌ مَّا قَدَّمَتۡ وَأَخَّرَتۡ ٥ҳар кас, ки чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бозпас гузоштааст, хоҳад донист يَٰٓأَيُّهَا ٱلۡإِنسَٰنُ مَا غَرَّكَ بِرَبِّكَ ٱلۡكَرِيمِ ٦Эй одамӣ, чӣ чиз туро нисбат ба Парвардигори каримат мағрур сохтааст ٱلَّذِي خَلَقَكَ فَسَوَّىٰكَ فَعَدَلَكَ ٧Он кӣ туро биёфарид ва аъзоят дуруст кард, сипас офариниши туро мӯътадил гардонд فِيٓ أَيِّ صُورَةٍ مَّا شَآءَ رَكَّبَكَ ٨Ва ба ҳар шакле, ки хост, туро таркиб кард كـَلَّا بَلۡ تُكَذِّبُونَ بِٱلدِّينِ ٩Ҳаргиз чунин нест, ки мегӯед, балки омадани қиёматро дурӯғ мешуморед وَإِنَّ عَلَيۡكُمۡ لَحَٰفِظِينَ ١٠Ва бегумон бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд كِرَامًا كَٰتِبِينَ ١١нависандагони гиромиқадранд يَعۡلَمُونَ مَا تَفۡعَلُونَ ١٢он чиро ки мекунед аз нек ё бад, медонанд إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ١٣Албатта некӯкорон, ки ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонро баҷо меоранд, дар неъмат хоҳанд буд وَإِنَّ ٱلۡفُجَّارَ لَفِي جَحِيمٍ ١٤ва гуноҳкорон, ки дар ҳуқуқи Аллоҳ ва бандагонаш камбудӣ мекунанд, дар ҷаҳаннаманд يَصۡلَوۡنَهَا يَوۡمَ ٱلدِّينِ ١٥Дар рӯзи ҷазо (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд وَمَا هُمۡ عَنۡهَا بِغَآئِبِينَ ١٦Онон ҳеҷгоҳ аз он дур намешаванд وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ١٧Ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист ثُمَّ مَآ أَدۡرَىٰكَ مَا يَوۡمُ ٱلدِّينِ ١٨Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки бузургии рӯзи ҷазо чист يَوۡمَ لَا تَمۡلِكُ نَفۡسٌ لِّنَفۡسٍ شَيۡـًٔاۖ وَٱلۡأَمۡرُ يَوۡمَئِذٍ لِّلَّهِ ١٩Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре нафъ натавонад кард ва дар он рӯз фармон, фармони Аллоҳ бошад

الترجمة: Khoja Mirov.