ملة الإسلام

السورة 83 · 36 آية · Khoja Mirov

سورة المطففين باللغة الطاجيكية

السورة بالعربية مع التفسير استمع إلى سورة المطففين (1,318 قارئاً)
مكيةسورة المطففين٣٦ آية

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

وَيۡلٌ لِّلۡمُطَفِّفِينَ ١Вой бар ҳоли камкунандагон ٱلَّذِينَ إِذَا ٱكۡتَالُواْ عَلَى ٱلنَّاسِ يَسۡتَوۡفُونَ ٢онон, ки чун аз мардум барои худ харид карданд, паймона меситонанд, (бармекашанд) онро пур мекунанд وَإِذَا كَالُوهُمۡ أَو وَّزَنُوهُمۡ يُخۡسِرُونَ ٣ва чун барои мардум чизе фурӯхтанд, мепаймоянд ё бармекашанд, аз он кам мекунанд أَلَا يَظُنُّ أُوْلَٰٓئِكَ أَنَّهُم مَّبۡعُوثُونَ ٤Оё инҳо намедонанд, ки зинда мешаванд لِيَوۡمٍ عَظِيمٍ ٥дар он рӯзи бузург? Ва мувофиқи аъмолашон ҳисобу китоб карда мешаванд يَوۡمَ يَقُومُ ٱلنَّاسُ لِرَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ ٦Рӯзе, ки мардум дар пешгоҳи Парвардигори ҷаҳониён фурӯтан меистанд كـَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡفُجَّارِ لَفِي سِجِّينٍ ٧Ҳақиқатан бозгашти бадкорон ҷои танг аст وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا سِجِّينٌ ٨Ва ту чи медони он тангӣ чист? Ҳамоно он ҷой зиндонест, ки дар он азоби дардовар аст كِتَٰبٌ مَّرۡقُومٌ ٩Ва барояшон китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад وَيۡلٌ يَوۡمَئِذٍ لِّلۡمُكَذِّبِينَ ١٠Дар он рӯз вой бар ҳоли дурӯғшуморандагон ٱلَّذِينَ يُكَذِّبُونَ بِيَوۡمِ ٱلدِّينِ ١١онон, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобанд وَمَا يُكَذِّبُ بِهِۦٓ إِلَّا كُلُّ مُعۡتَدٍ أَثِيمٍ ١٢Ва он рӯзро ба ҷуз ҳар ситамгари гунаҳкор касе дурӯғ намешуморад إِذَا تُتۡلَىٰ عَلَيۡهِ ءَايَٰتُنَا قَالَ أَسَٰطِيرُ ٱلۡأَوَّلِينَ ١٣Чун оёти Мо бар ӯ хонда шуд, ғуфт: «Афсонаҳои пешиниён аст!» Амр чунин нест, ки мепиндоранд, балки он каломи Аллоҳ аст ва ба тариқи ваҳй ба сӯи паёмбараш фиристода шудааст كـَلَّاۖ بَلۡۜ رَانَ عَلَىٰ قُلُوبِهِم مَّا كَانُواْ يَكۡسِبُونَ ١٤Чунин нест, ки мегӯянд, балки корҳое, ки карда буданд аз гуноҳ бар дилҳошон ғолиб шуда занг бастааст كـَلَّآ إِنَّهُمۡ عَن رَّبِّهِمۡ يَوۡمَئِذٍ لَّمَحۡجُوبُونَ ١٥Чунин нест, ки мегӯянд, бегумон онон дар он рӯз аз дидори Парвардигорашон маҳрум бошанд ثُمَّ إِنَّهُمۡ لَصَالُواْ ٱلۡجَحِيمِ ١٦Пас онҳо ба ҷаҳаннам дароянд, ҳарорати гармии онро мечашанд ثُمَّ يُقَالُ هَٰذَا ٱلَّذِي كُنتُم بِهِۦ تُكَذِّبُونَ ١٧Сипас ба онҳо гуфта мешавад: «Ин аст он чӣ дурӯғаш мешумурдед!» كـَلَّآ إِنَّ كِتَٰبَ ٱلۡأَبۡرَارِ لَفِي عِلِّيِّينَ ١٨Ба дурустӣ, ки номаи амалҳои некӯкорон дар Иллийин қарор дорад وَمَآ أَدۡرَىٰكَ مَا عِلِّيُّونَ ١٩Ва ту эй Расул чӣ медонӣ, ки Иллийин чист كِتَٰبٌ مَّرۡقُومٌ ٢٠Китобест навишташуда! На дар он чизе афзуда мешавад ва на кам карда мешавад يَشۡهَدُهُ ٱلۡمُقَرَّبُونَ ٢١ки фариштагони муқарраби Аллоҳ дар он ҳузур меёбанд إِنَّ ٱلۡأَبۡرَارَ لَفِي نَعِيمٍ ٢٢Бегумон некон дар неъматанд عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ٢٣бар тахтҳо нишаста ва ба сӯи Парвардигорашон ва ба он чӣ аз неъматҳо барояшон омода карда шудааст, наззора мекунанд تَعۡرِفُ فِي وُجُوهِهِمۡ نَضۡرَةَ ٱلنَّعِيمِ ٢٤Хушӣ ва хуррамии неъматро дар чеҳраҳояшон мебинӣ يُسۡقَوۡنَ مِن رَّحِيقٍ مَّخۡتُومٍ ٢٥Аз шаробе холис, ки бар сари он мӯҳр ниҳодаанд, нӯшонида мешаванд خِتَٰمُهُۥ مِسۡكٌۚ وَفِي ذَٰلِكَ فَلۡيَتَنَافَسِ ٱلۡمُتَنَٰفِسُونَ ٢٦Мӯҳри он аз мушк аст. Ва рағбаткунандагон бояд, ки барои ҳамин неъмати доими рағбат кунанд وَمِزَاجُهُۥ مِن تَسۡنِيمٍ ٢٧Ва омезиши он шароб аз оби Тасним аст عَيۡنًا يَشۡرَبُ بِهَا ٱلۡمُقَرَّبُونَ ٢٨Тасним чашмаест, ки муақаррабони даргоҳи Аллоҳ аз он менӯшанд ва ба он лаззат мебаранд إِنَّ ٱلَّذِينَ أَجۡرَمُواْ كَانُواْ مِنَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ يَضۡحَكُونَ ٢٩Ба дурустӣ, ки гунаҳкорон дар дунё ба мӯъминон механдиданд وَإِذَا مَرُّواْ بِهِمۡ يَتَغَامَزُونَ ٣٠Ва чун бар онҳо мегузаштанд, масхараомезона ба чашму абрӯ ишора мекарданд وَإِذَا ٱنقَلَبُوٓاْ إِلَىٰٓ أَهۡلِهِمُ ٱنقَلَبُواْ فَكِهِينَ ٣١ва чун ба аҳли хонаи худ бозмегаштанд, шодмон бозмегаштанд وَإِذَا رَأَوۡهُمۡ قَالُوٓاْ إِنَّ هَٰٓؤُلَآءِ لَضَآلُّونَ ٣٢Ва чун кофирон асҳоби Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва салламро медиданд, мегуфтанд, ки инҳо гумроҳанд وَمَآ أُرۡسِلُواْ عَلَيۡهِمۡ حَٰفِظِينَ ٣٣Ва ҳол он ки ин кофирон ба сари мӯъминон нигоҳбон фиристода нашуда буданд فَٱلۡيَوۡمَ ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ مِنَ ٱلۡكُفَّارِ يَضۡحَكُونَ ٣٤Пас рӯзи қиёмат мӯъминон ба кофирон механданд, чунон ки кофирон дар дунё ба онҳо хандида буданд عَلَى ٱلۡأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ ٣٥бар тахтҳо такя зада ва ба он чӣ аз каромат ва неъматҳои ҷаннат барояшон дода шудааст, менигаранд هَلۡ ثُوِّبَ ٱلۡكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفۡعَلُونَ ٣٦Оё ба кофирон подош ва сазои корҳое, ки мекарданд, дода шудааст

الترجمة: Khoja Mirov.